https://sputnik.tj/20240907/rahmon-khatlon-sughd-raft-1064234879.html
Раҳмон аз Хатлон ба Суғд рафт
Раҳмон аз Хатлон ба Суғд рафт
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, ки сафари раисҷумҳури кишвар ба вилоят чаҳор рӯз идома кунад, ки дар робита ба ин БДА дар баъзе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатро эълон кард
2024-09-07T11:35+0500
2024-09-07T11:35+0500
2024-09-07T12:03+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
суғд
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/07/1064235089_0:107:1024:683_1920x0_80_0_0_9cda6a67da8654e3f700073e4b15af01.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз боздиди чандрӯза аз ҷануби кишвар ба шимол сафар кард.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президентро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Ба гузориши дафтари матбуоти президент, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф аст.Баробари вуруд ба вилоят ӯ нахуст дар шаҳри Бӯстон бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ буда, бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст.Сарвари давлат ҳамчунин дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуд.Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст.Иншооти нави саломатӣ барои хизмат ба 862 хоҷагӣ ва 3 ҳазору 724 сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистони бо сатҳу сифати ҷаобгӯ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шудааст.Қарор аст, ки сафари раисҷумҳури кишвар ба вилоят чаҳор рӯз идома кунад, ки дар робита ба ин БДА дар баъзе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатро эълон кард.Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд барпо карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240906/rahmon-sughd-eloni-chor-ruzi-rohbandi-dar-viloyat-1064221374.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/07/1064235089_0:71:816:683_1920x0_80_0_0_1876a6b1a48886396fe17e7834dfbc40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон хатлон суғд сафар
Раҳмон аз Хатлон ба Суғд рафт
11:35 07.09.2024 (Навсозишуда: 12:03 07.09.2024) Қарор аст, ки сафари раисҷумҳури кишвар ба вилоят чаҳор рӯз идома кунад, ки дар робита ба ин БДА дар баъзе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатро эълон кард
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз боздиди чандрӯза аз ҷануби кишвар ба шимол сафар кард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президентро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф аст.
Баробари вуруд ба вилоят ӯ нахуст дар шаҳри Бӯстон бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.
Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ буда, бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст.
Сарвари давлат ҳамчунин дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуд.
Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст.
Иншооти нави саломатӣ барои хизмат ба 862 хоҷагӣ ва 3 ҳазору 724 сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистони бо сатҳу сифати ҷаобгӯ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шудааст.
Қарор аст, ки сафари раисҷумҳури кишвар ба вилоят чаҳор рӯз идома кунад, ки дар робита ба ин БДА дар баъзе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатро эълон кард.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд барпо карда мешавад.