Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷаласаи гуруҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон ва гузаронидани корҳои саҳроӣ дар марз

© Foto / Пресс-служба кабинета министров Кыргызской республики.Таджикистан и Кыргызстан подписали протокол по границе
Таджикистан и Кыргызстан подписали протокол по границе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2024
Обуна шудан
Дар давоми ҳафт рӯз ҳайати намояндагони ду кишвар бештар муштаракан рӯйи корҳои саҳроӣ дар манотиқе, ки то ҳол муаян нашудааст, кор кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти КДАМ Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи як ҳафта дар шаҳри Бустон баргузор шуд.
"Дар доираи вохӯрии мазкур гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаи боқимонадаи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муштараки саҳроиро гузарониданд",- афзудааст манбаъ.
КДАМ ҷузъиёти бештар аз машварати намояндагони ду ҷонибро нашр накардааст.
Танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қаблан Раҷаббой Аҳмадоза, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ мақомоти ду кишвари ҳамсоя 94% заминҳои баҳсбарангезро ба мувофиқа расонидаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Аҳмадзода аз эҳтимоли боз шудани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфт
Ҷонибҳо дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира доранд.
Кумиссиюни ду кишвар аз мавзеъҳои баҳсбарангези Чоркуҳ ва Ворух дидан карда, ҳоло рӯи асноди аломатгузории марз кор мекунанд.
"Пас аз имзои онҳо сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз хоҳад шуд", - гуфт Аҳмадзода.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.
Лентаи хабарҳо
0