https://sputnik.tj/20240907/iftitohi-puli-moshinguzar-dehoti-dashtiguloi-nohiyai-hamadoni-1064228833.html
Ифтитоҳи ду пули мошингузар дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ
Ифтитоҳи ду пули мошингузар дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони ду пули мошингузар мушкили равуои сокинони деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро ҳал хоҳад кард
2024-09-07T10:21+0500
2024-09-07T10:21+0500
2024-09-07T10:21+0500
дар тоҷикистон
ҳамадонӣ
хатлон
мошингузар
ифтитоҳи пули мошингузар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/06/1064228424_0:1:719:405_1920x0_80_0_0_638a469b7f3587dadf0691032d8af2e6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду пули мошингузарро ифтитоҳ намуданд.Ин ду пули мошингузар, ки роҳи байни деҳаҳои Файзобод ва маҳаллаи ба номи Изатулло Шарипови деҳоти Даштигулоро бо ҳам мепайвандад, аз болои Сиёҳоб мегузарад.Сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва паҳноии 6 метр ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи Лоиҳаи "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон” маблағгузорӣ гардидааст.Роҳбарияти вилояти Хатлон қайд кардаанд, ки бо сохтмони ин ду пули мошингузар мушкили деринаи сокинони ин маҳалла ҳал мешавад. Равуои сокинон осонтар мешавад.Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 685 адад иншоотҳои нав таъсис ёфтаастАз ҷумла дар вилоят таъмиру сохтмони 50 адад иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 адад иншоотҳои фарҳангӣ, 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 22 адад иншоотҳои варзишӣ, 55 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 адад пулҳои автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 адад дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
https://sputnik.tj/20240811/khatlon-mahsulot-kishvarho-sodirot-sharhi-maqomot-1063887147.html
ҳамадонӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/06/1064228424_99:0:639:405_1920x0_80_0_0_10129a9dafe4f645da9cd37bebeb0166.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамадонӣ, сохтмон, пул, ифтитоҳ, пули мошингузар, деҳот
тоҷикистон, ҳамадонӣ, сохтмон, пул, ифтитоҳ, пули мошингузар, деҳот
Ифтитоҳи ду пули мошингузар дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ
Сохтмони ду пули мошингузар мушкили равуои сокинони деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду пули мошингузарро ифтитоҳ намуданд.
Ин ду пули мошингузар, ки роҳи байни деҳаҳои Файзобод ва маҳаллаи ба номи Изатулло Шарипови деҳоти Даштигулоро бо ҳам мепайвандад, аз болои Сиёҳоб мегузарад.
Сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва паҳноии 6 метр ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи Лоиҳаи "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон” маблағгузорӣ гардидааст.
Роҳбарияти вилояти Хатлон қайд кардаанд, ки бо сохтмони ин ду пули мошингузар мушкили деринаи сокинони ин маҳалла ҳал мешавад. Равуои сокинон осонтар мешавад.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 685 адад иншоотҳои нав таъсис ёфтааст
Аз ҷумла дар вилоят таъмиру сохтмони 50 адад иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 адад иншоотҳои фарҳангӣ, 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 22 адад иншоотҳои варзишӣ, 55 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 адад пулҳои автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 адад дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.