https://sputnik.tj/20240906/hukumati-sughd-baroi-sari-vaqt-va-betalaf-jamovari-pakhta-sitodi-viloyati-tashkil-kard-1064220190.html
Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард
Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2024” таъсис дода шуд
2024-09-06T13:19+0500
2024-09-06T13:19+0500
2024-09-06T18:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
ситод
пахта
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/86/1026808690_83:0:1000:516_1920x0_80_0_0_40c5d62d4709f7d501c7b3a7295b8598.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ахиран қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар вилоят барои сари вақт вамъ намудани ҳосили пахта ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.“Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии "Ҳосил-2024" таъсис дода шуд”Тибқи ин қарор раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки корҳои омодагии хоҷагиҳои пахтакорро ба мавсими имсола баррасӣ ва бошишгоҳҳои саҳроиро омода намоянд.Ҳамчунин раиси вилояти Суғд сарраёсати кишоварзии вилоятро вазифадор кардааст, ки барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон дар давраи ҳосилғундорӣ мусобиқаи меҳнатӣ ташкил намояд.Раҷаббой Аҳмадзода супорилш додааст, ки ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шаванд.
https://sputnik.tj/20240501/mahsuloti-strategi-kishti-pakhta-tojikiston-arqom-1062680387.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/86/1026808690_111:0:1000:667_1920x0_80_0_0_c3385a7f106e0b44170f5b4bcc2626c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сидот, вилояти суғд, ҷаъмоварии пахта, ҳосил
тоҷикистон, сидот, вилояти суғд, ҷаъмоварии пахта, ҳосил
Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард
13:19 06.09.2024 (Навсозишуда: 18:01 06.09.2024) Бо қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2024” таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ахиран қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар вилоят барои сари вақт вамъ намудани ҳосили пахта ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
“Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии "Ҳосил-2024" таъсис дода шуд”
Тибқи ин қарор раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки корҳои омодагии хоҷагиҳои пахтакорро ба мавсими имсола баррасӣ ва бошишгоҳҳои саҳроиро омода намоянд.
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд сарраёсати кишоварзии вилоятро вазифадор кардааст, ки барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон дар давраи ҳосилғундорӣ мусобиқаи меҳнатӣ ташкил намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода супорилш додааст, ки ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шаванд.