https://sputnik.tj/20240905/putin-rusiya-mavqei-khudro-dar-jahon-purzur-khohad-kard-1064206454.html
Путин: Русия мавқеи худро дар ҷаҳон пурзур хоҳад кард
Путин: Русия мавқеи худро дар ҷаҳон пурзур хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳамкориҳояшро бо шарикони хориҷӣ густариш хоҳад дод ва мавқеи Маскав дар ҷаҳон таҳким хоҳад ёфт
2024-09-05T13:11+0500
2024-09-05T13:11+0500
2024-09-05T13:11+0500
русия
владимир путин
мавқеъ
пурзур
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064204987_0:0:3095:1742_1920x0_80_0_0_d1a2065a49bd79a73ffa07138344aab2.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти пленарии Форуми иқтисодии Шарқӣ изҳор дошт, ки кишвараш барои пурзур намудани мавқеи худ талош хоҳад кард."Албатта, мо робитаҳои Шарқи Дури Русия ва тамоми кишварро бо шарикони хориҷӣ, дӯстон, бо давлатҳо ва ширкатҳоеро, ки ба ҳамкории боэътимод, дарозмуддат ва мутақобилан судманд манфиатдоранд, тавсеа хоҳем дод ва ба ин васила мо минбаъд низ ин корро идома хоҳем дод. Мавқеи Русияро дар ҷаҳон таҳким мебахшем”, - гуфт ӯ.Президент инчунин қайд кард, ки Русия бояд соҳибихтиёрии энергетикии кишварро ташаккул диҳад. Ин барои бо ашёи хом ва сузишвории арзон таъмин намудани бахши кишоварзӣ дар вилоятҳо, шахрхо ва деҳаҳо пояи мустаҳкам ташкил кардан зарур аст.Президенти Русия дар бораи сохтмони нерӯгоҳи энержии атомӣ дар минтақаи Шарки Дур дастур дод.Ӯ ёдовар шуд, ки таъмини нерӯи барқ яке аз масъалаҳои муҳими “барои оғози ташаббусҳои соҳибкорӣ дар саноати истеҳсолӣ, сохтмони манзил ва навсозии шабакаи нақлиёт дар ҳама соҳаҳо” мебошад.Ҳаҷми масрафи энергия дар минтақаи Шарқи Дур, ба гуфтаи Путин, ҳоло фаъолона афзоиш меёбад ва аллакай дар як сол камтар аз 70 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад ва то охири даҳсола, тибқи пешгӯиҳо, он қариб ба андозаи 30 миллиард зиёд — ба 96 миллиард киловатт-соат мерасад зиёд хоҳад шуд.Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки дар нақшаи рушди саноати барқ бояд ҳам талаботи имрӯза ва ҳам ояндаи соҳибкорону шаҳрвандон ва вазифаҳои дарозмуддате, ки дар назди субъектҳои сохторӣ, шаҳру ноҳияҳо истодаанд, ба назар гирифта шавад.Путин гуфт, Русия афзоиши боркашонӣ дар масири баҳри шимолиро идома медиҳад.Вай ёдовар шуд, ки иқтидори 14 бандари роҳи баҳри шимолӣ аз 40 миллион тонна бештар шудааст.Форуми иқтисодии шарқӣ рӯзҳои 3-6 сентябр дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур дар Владивосток баргузор мешавад.Sputnik шарики расонаии ин чорабинӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20240905/sukhnronii-putin-forumi-iqtisodii-sharqi-pakhshi-mustaqim-1064193346.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064204987_364:0:3095:2048_1920x0_80_0_0_19ba9b0eb97bcd3d362454d3a399ad54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, мавқеъ, пурзур, ҷаҳон, таҳким, сиёсат
русия, владимир путин, мавқеъ, пурзур, ҷаҳон, таҳким, сиёсат
Путин: Русия мавқеи худро дар ҷаҳон пурзур хоҳад кард
Русия ҳамкориҳояшро бо шарикони хориҷӣ густариш хоҳад дод ва мавқеи Маскав дар ҷаҳон таҳким хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти пленарии Форуми иқтисодии Шарқӣ изҳор дошт, ки кишвараш барои пурзур намудани мавқеи худ талош хоҳад кард.
"Албатта, мо робитаҳои Шарқи Дури Русия ва тамоми кишварро бо шарикони хориҷӣ, дӯстон, бо давлатҳо ва ширкатҳоеро, ки ба ҳамкории боэътимод, дарозмуддат ва мутақобилан судманд манфиатдоранд, тавсеа хоҳем дод ва ба ин васила мо минбаъд низ ин корро идома хоҳем дод. Мавқеи Русияро дар ҷаҳон таҳким мебахшем”, - гуфт ӯ.
Президент инчунин қайд кард, ки Русия бояд соҳибихтиёрии энергетикии кишварро ташаккул диҳад. Ин барои бо ашёи хом ва сузишвории арзон таъмин намудани бахши кишоварзӣ дар вилоятҳо, шахрхо ва деҳаҳо пояи мустаҳкам ташкил кардан зарур аст.
Президенти Русия дар бораи сохтмони нерӯгоҳи энержии атомӣ дар минтақаи Шарки Дур дастур дод.
Ӯ ёдовар шуд, ки таъмини нерӯи барқ яке аз масъалаҳои муҳими “барои оғози ташаббусҳои соҳибкорӣ дар саноати истеҳсолӣ, сохтмони манзил ва навсозии шабакаи нақлиёт дар ҳама соҳаҳо” мебошад.
Ҳаҷми масрафи энергия дар минтақаи Шарқи Дур, ба гуфтаи Путин, ҳоло фаъолона афзоиш меёбад ва аллакай дар як сол камтар аз 70 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад ва то охири даҳсола, тибқи пешгӯиҳо, он қариб ба андозаи 30 миллиард зиёд — ба 96 миллиард киловатт-соат мерасад зиёд хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки дар нақшаи рушди саноати барқ бояд ҳам талаботи имрӯза ва ҳам ояндаи соҳибкорону шаҳрвандон ва вазифаҳои дарозмуддате, ки дар назди субъектҳои сохторӣ, шаҳру ноҳияҳо истодаанд, ба назар гирифта шавад.
Путин гуфт, Русия афзоиши боркашонӣ дар масири баҳри шимолиро идома медиҳад.
Вай ёдовар шуд, ки иқтидори 14 бандари роҳи баҳри шимолӣ аз 40 миллион тонна бештар шудааст.
Форуми иқтисодии шарқӣ рӯзҳои 3-6 сентябр дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур дар Владивосток баргузор мешавад.
Sputnik шарики расонаии ин чорабинӣ мебошад.