Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон

© Foto / Торгово-промышленная палата республики татарстанЦеремония подписания соглашения о сотрудничестве между Торгово-промышленной палатой Таджикистана и Татарстана
Церемония подписания соглашения о сотрудничестве между Торгово-промышленной палатой Таджикистана и Татарстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2024
Обуна шудан
Маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон дар форуми сармоягузорӣ, ки дар Душанбе сурат гирифт, баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористони Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Қайд карда шудааст, ки созишнома ба дастгирии соҳибкорӣ ва чорабиниҳои муштарак равона шудааст.
Ин санадро раисони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва Палатаи савдо ва саноати Тотористон Шамил Агеев имзо карданд.
"Мо ҳамкориҳо ва равобити худро густариш хоҳем дод. Бар асоси ин санад чорабиниҳои мухталиферо, ки ба дастгирии соҳибкории ҳарду кишвар нигаронида мешаванд, ба нақша гирифта, ташкил хоҳем кард", - гуфт Ҷумъахонзода пас аз анҷоми маросим.
Оқои Агеев кайд кард, ки имзо шудани шартнома, кори намоишкорона нест.
"Мо ба имкониятҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо боварӣ дорем. Мо ҳоло ҳам дар дохили кишвари шумо (дар Тоҷикистон) ва ҳам дар кишвари мо (Тотористон) имкониятҳои бузургеро мебинем. Барои ҳамин замон ҳамин таврест, ки бояд кам хоб кард”, - гуфт Агеев.
Татнефть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2024
Тоҷикистон мехоҳад бо кӯмаки "Татнафт" полоишгоҳи нафтӣ дар Данғараро ба кор андозад
Дар ин ҳамоиш дар Душанбе як ҳайати бузург аз Тотористон таҳти раҳбарии муовини нахуствазир - вазири саноат ва савдо Олег Коробченко ва намояндагони мақомоти вилояти Русия ва корхонаҳои пешрафтаи саноатии Русия ширкат доштанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ вазири саноат ва савдои кишвар Шералӣ Кабир, масъулини сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои саноатӣ ширкат доштанд.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков гуфт ҳоло масъалаи сафари ҷавобии раиси Татаристон Рустам Минниханов ба Душанбе баррасӣ мешавад.
Шералӣ Кабир хабар дод, ки Душанбе ба барқарор кардани робитаҳои кооперативии корхонаҳои саноатӣ бо Тотористон, ки дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, манфиатдор аст.
Лентаи хабарҳо
0