https://sputnik.tj/20240904/qoidahoi-huzur-qirghiziston-shahrvandon-tojikiston-taghyir-1064195239.html
Қоидаҳои ҳузур дар Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон тағйир ёфт
Қоидаҳои ҳузур дар Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон тағйир ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Аз 5-уми сентябр шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои илоавгӣ метавонанд дар Қирғизистон давоми ҳар 120 рӯз на бештар аз 60 рӯз иқомат кунанд
2024-09-04T16:59+0500
2024-09-04T16:59+0500
2024-09-04T16:59+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
қавонин
сабти иқомат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон тартиби нави сабти ном барои шаҳрвандони 8 кишвари дорои низоми бидуни раводид, ки дар ин кишвар бо ҳадафҳои хусусӣ иқомат мекунанд, ҷорӣ карда шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон хабар додааст.Қоидаҳои нав аз 5-уми сентябр эътибори расмӣ пайдо хоҳад кард.Тибқи ин қоидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои илоавгӣ метавонанд дар Қирғизистон давоми ҳар 120 рӯз на бештар аз 60 рӯз иқомат кунанд.Барои муқоиса, қаблан бо сабти ном имкони иқомат то шаш моҳ дар Қирғизистон фароҳам шуда буд.Тағйирот ба сайёҳони Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова низ дахл доранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон.Бо вуҷуди ин, сокинони кишварҳои ИИАО ҳуқуқ доранд, ки дар давоми 180 рӯз 90 рӯз дар ҷумҳурӣ бимонанд.Ва барои тамдиди муҳлат пешниҳод шудааст, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ тибқи нақшаи соддашуда таҳия карда шавад.
https://sputnik.tj/20240527/rahmon-tojikiston-mukolama-hamkori-qirghiziston-manfiatdor-1062990108.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, қоидаҳо, ҳузур, ҳуҷҷатҳои иловагӣ, иқомат
тоҷикистон, қирғизистон, қоидаҳо, ҳузур, ҳуҷҷатҳои иловагӣ, иқомат
Қоидаҳои ҳузур дар Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон тағйир ёфт
Аз 5-уми сентябр шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои илоавгӣ метавонанд дар Қирғизистон давоми ҳар 120 рӯз на бештар аз 60 рӯз иқомат кунанд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон тартиби нави сабти ном барои шаҳрвандони 8 кишвари дорои низоми бидуни раводид, ки дар ин кишвар бо ҳадафҳои хусусӣ иқомат мекунанд, ҷорӣ карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон хабар додааст.
Қоидаҳои нав аз 5-уми сентябр эътибори расмӣ пайдо хоҳад кард.
Тибқи ин қоидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои илоавгӣ метавонанд дар Қирғизистон давоми ҳар 120 рӯз на бештар аз 60 рӯз иқомат кунанд.
Барои муқоиса, қаблан бо сабти ном имкони иқомат то шаш моҳ дар Қирғизистон фароҳам шуда буд.
Тағйирот ба сайёҳони Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова низ дахл доранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон.
Бо вуҷуди ин, сокинони кишварҳои ИИАО ҳуқуқ доранд, ки дар давоми 180 рӯз 90 рӯз дар ҷумҳурӣ бимонанд.
Ва барои тамдиди муҳлат пешниҳод шудааст, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ тибқи нақшаи соддашуда таҳия карда шавад.