https://sputnik.tj/20240903/tojikiston-kharidu-furush-kardaast-1064180434.html
Тоҷикистон бо кӣ бештар хариду фурӯш кардааст?
Тоҷикистон бо кӣ бештар хариду фурӯш кардааст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон, 4414,3 млн. долларро ташкил додааст
2024-09-03T19:11+0500
2024-09-03T19:11+0500
2024-09-03T19:11+0500
тасвирбаён
омор
хариду фурӯш
содирот
воридот
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0f/1063959209_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_1c32a7f17adf24216ddcab4edea1eb08.jpg
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 фоиз ё наздик ба 1 млрд доллар зиёд мебошад. Содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 997,8 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 47,1 фоиз ё 319,3 млн. доллар зиёд шудааст.Воридоти мол ба Тоҷикистон 3416,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 24,9 фоиз ё 680,1 млн. доллар зиёд мебошад.Оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Швейтсария – 29,9 фоизи ҳаҷми умумии содирот, Чин – 18,7 фоиз, Қазоқистон – 11,9 фоиз, Туркия – 11,1 фоиз, Узбекистон – 8,1 фоиз, Русия – 5,9 фоиз, Эрон – 5,5 фоиз, Афғонистон – 3,9 фоиз, АМА – 1,0 фоиз ва ғайраҳо.Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: Русия – 26,6 фоиз аз ҳаҷми умумии воридот, Чин – 20,2 фоиз, Қазоқистон – 16,1 фоиз, Узбекистон – 5,6 фоиз, Эрон – 3,3 фоиз, Туркия – 2,9 фоиз, Беларус – 2,4 фоиз, Ҷумҳурии Корея – 1,6 фоиз, Олмон ва Ҷопон – 1,3 фоизӣ, ИМА – 1,1 фоиз ва ғайраҳо.Дар амалиёти савдои хориҷӣ афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Туркия (111,1 млн. доллар), Афғонистон (39,2 млн. доллар), Ҷазираҳои Вирҷин (1,9 млн. доллар) ва Хорватия (1,8 млн. доллар) мушоҳида шудааст.Тибқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба ҷумҳурӣ 45 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 79361,5 ҳазор доллар ё 20319,0 тонна ёрии башардӯстона расондаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0f/1063959209_166:0:1165:749_1920x0_80_0_0_e0505682d9fbfc42ee5fe806b100d492.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хариду фурӯш, содирот, воридот, доллар
тоҷикистон, хариду фурӯш, содирот, воридот, доллар
Тоҷикистон бо кӣ бештар хариду фурӯш кардааст?
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон, 4 млрд. 414 млн. долларро ташкил додааст
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,3 фоиз ё наздик ба 1 млрд доллар зиёд мебошад.
Содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 997,8 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 47,1 фоиз ё 319,3 млн. доллар зиёд шудааст.
Воридоти мол ба Тоҷикистон 3416,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 24,9 фоиз ё 680,1 млн. доллар зиёд мебошад.
Оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Швейтсария – 29,9 фоизи ҳаҷми умумии содирот, Чин – 18,7 фоиз, Қазоқистон – 11,9 фоиз, Туркия – 11,1 фоиз, Узбекистон – 8,1 фоиз, Русия – 5,9 фоиз, Эрон – 5,5 фоиз, Афғонистон – 3,9 фоиз, АМА – 1,0 фоиз ва ғайраҳо.
Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: Русия – 26,6 фоиз аз ҳаҷми умумии воридот, Чин – 20,2 фоиз, Қазоқистон – 16,1 фоиз, Узбекистон – 5,6 фоиз, Эрон – 3,3 фоиз, Туркия – 2,9 фоиз, Беларус – 2,4 фоиз, Ҷумҳурии Корея – 1,6 фоиз, Олмон ва Ҷопон – 1,3 фоизӣ, ИМА – 1,1 фоиз ва ғайраҳо.
Дар амалиёти савдои хориҷӣ афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Туркия (111,1 млн. доллар), Афғонистон (39,2 млн. доллар), Ҷазираҳои Вирҷин (1,9 млн. доллар) ва Хорватия (1,8 млн. доллар) мушоҳида шудааст.
Тибқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба ҷумҳурӣ 45 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 79361,5 ҳазор доллар ё 20319,0 тонна ёрии башардӯстона расондаанд.