Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Омори тозаи вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина дар вилояти Курск

© Foto / РИА Новости / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкМорпехи ЧФ остановили продвижение колонны ВСУ в Курской области
Морпехи ЧФ остановили продвижение колонны ВСУ в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
Обуна шудан
Артиши Украина дар як рӯз дар вилояти Курск то 400 низомии худро аз даст додаанд, ки аз оғози даргириҳо беш аз 9300 нафарро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки артиши Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як шабонарӯз то 400 низомии украинӣ ва 12 мошини зиреҳпӯшро нобуд карданд.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 400 нафар низомиён ва 12 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, инчунин се тӯпхона, як мушакандози чандгонаи MLRS, як мошини ҷангии падофанди ҳавоӣ, як мошини ҷанги электроникӣ, 12 худрав ва ду техникаи муҳандисӣ инженерй", — иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки амалиёти нобудсозии воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина идома дорад.
Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск артиши Украина беш аз 9300 нафар сарбоз ва 80 тонкро аз даст додааст.
Удар Искандера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия видео ҷидиди нобудсозии анбори аслиҳаи артиши Украинаро нашр кард
Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0