Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин шарҳ дод, ки чаро мақомоти Украина оташбасро намехоҳанд

© Sputnik / Вячеслав Прокофьев / POOL / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка президента Владимира Путина в Тыву
Рабочая поездка президента Владимира Путина в Тыву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳукумати феълии Украина шонси дубора интихоб шуданро надорад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, мақомоти Украина ба хотима додани ҷангҳо манфиатдор нестанд, зеро онҳо ба интихоботи президентӣ омода нестанд.
Ин ҳарфҳоро роҳбари Русия зимни дарси кушоди “Гуфтор дар бораи чизҳои муҳим” дар мактаби миёнаи №20 ба номи Қаҳрамонони Ватани Қизил баён намуд.
Президент Владимир Путин провел совещание по ситуации в приграничных областях РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Агар ба Путин мувофиқ бошад: Изҳори Ғарб дар бораи тарҳи сулҳ барои Украина
Ба гуфтаи Путин, дар сурати қатъ шудани амалиёти ҷангӣ, мақомоти Украина бояд вазъи низомиро лағв кунанд ва баъдан бояд фавран интихоботи президентӣ баргузор шавад.
"Ҳукуматдорони ҳозира ба ин омода нестанд, ки аз нав интихоб шаванд, бинобар ин онҳо ба қатъи амалиёти ҷангӣ манфиатдор нестанд ва дар вилояти Курск иғво содир карда буданд ва қаблан дар Белгород ба чунин иғвогарӣ даст заданд.
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ба суръати ҳамлаи артиши Русия дар Донбас ишора карда, гуфт, ки Маскав ҷангиёни украинаӣ дар минтақаи марзии вилояти Курскро бартараф хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0