Теъдоди омӯзгорон аз Русия дар Тоҷикистон якуним баробар афзоиш хоҳад ёфт

© Foto / Русский дом в ТаджикистанеПрограмма "Российский учитель за рубежом"
Программа Российский учитель за рубежом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2024
Обуна шудан
Омӯзгорон аз Русия, ки барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон ҷалб хоҳанд шуд ба таври назаррас афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Теъдоди омӯзгороне, ки аз Русия дар чаҳорчӯби барномаи “Муаллими рус дар хориҷа” дар соли нави таҳсил барои кор ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд, ба 117 нафар расонида мешавад, ки аз афзоиши 1,5 баробарӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ин бора намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар додааст.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 73 нафар омӯзгорон аз Русия дар доираи ин барнома кор мекарданд.
Бояд гуфт, ки омӯзгорони рус дар Тоҷикистон тақрибан дар тамоми фанҳои мактабӣ таълим медиҳанд.
"Дар аризаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 27 омӯзгори забони русӣ, 33 муаллими синфҳои ибтидоӣ, 56 омӯзгори фанҳои математика, физика, кимиё, биология, ҷуғрофиё, информатика ва ҳамчунин бори аввал як нафар омӯзгор дар фанни таърих низ шомил шудааст", - таъки кардааст намояндагӣ.
Учитель проводит классный час в школе №215 «Созвездие» в микрорайоне Солнечный в Екатеринбурге в День знаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Дар Тоҷикистон теъдоди омӯзгорони рус зиёд мешавад
Дар байни муаллимоне, ки имсол ба Точикистон ба кор меоянднафароне ҳастанд, ки таҷрибаи кор бо мактаббачагони ҷумҳурӣ доранд ва 66 нафар омӯзгороне ҳастанд, ки бори аввал ба ҷумҳурӣ барои кор меоянд. Лоиҳа 27 мактабро дар 13 маҳаллаи аҳолинишин фаро мегирад. Баъзе муаллимон аллакай ба Точикистон омадаанд.
Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки дар он татбиқи лоиҳаи башардӯстонаи "Муаллими рус дар хориҷа" оғоз шуд - дар соли таҳсили 2019-2020 бо даъвати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 48 омӯзгор аз Русия бори аввал ба кишвар омаданд.
Дар ҳоли ҳозир, ин тарҳ як ҷузъи муҳими раванди таълим дар Тоҷикистон аст. Қаблан вазорати маориф ва илм борҳо аз афзоиши теъдоди омӯзгорони рус дар кишвар ҷонибдорӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчунин аз ҳисоби Русия панҷ мактаб сохта шуд, ки дар онҳо таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0