https://sputnik.tj/20240831/jabborov-ravandi-alomatguzorii-marz-miyoni-qirghizistonu-tojikiston-dar-marhilai-anjomyobist-1064147998.html
Ҷабборов: Раванди аломатгузории марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист
Ҷабборов: Раванди аломатгузории марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон ахиран эълон кард, ки масъалаи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад
2024-08-31T10:26+0500
2024-08-31T10:26+0500
2024-08-31T10:26+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
содир ҷабборов
аломатгузорӣ
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_0:0:2957:1663_1920x0_80_0_0_83223f8a3dcb62e0526ddd39c90defd0.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист ва музокирот идома дорад.Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошт."Мо ваъда дода будем, ки мушкилтарин масъала, масъалаи марзи кишварро ҳал мекунем. Имрӯз масъалаи сарҳади давлатӣ бо Узбакистон пурра ҳал шудааст ва масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад, музокирот идома дорад", - иқтибос овардааст хабаргузории “Акипресс” аз суханронии оқои Ҷабборов.Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот дар бораи аломатгузории он (муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариши он ва кашидани харита) аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад.Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.Бояд гуфт, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон ин кишвар демаркатсия ва делимитатсияи марзи худро бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба истиснои Тоҷикистон анҷом додааст.
https://sputnik.tj/20240527/rahmon-tojikiston-mukolama-hamkori-qirghiziston-manfiatdor-1062990108.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_88e4fcf923a9d0e6c449b67a8d0805e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, аломатгузорӣ, марҳила, анҷомёбӣ, ҷабборов содир, сарҳад
тоҷикистон, қирғизистон, марз, аломатгузорӣ, марҳила, анҷомёбӣ, ҷабборов содир, сарҳад
Ҷабборов: Раванди аломатгузории марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист
Раисҷумҳури Қирғизистон ахиран эълон кард, ки масъалаи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист ва музокирот идома дорад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошт.
"Мо ваъда дода будем, ки мушкилтарин масъала, масъалаи марзи кишварро ҳал мекунем. Имрӯз масъалаи сарҳади давлатӣ бо Узбакистон пурра ҳал шудааст ва масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад, музокирот идома дорад", - иқтибос овардааст хабаргузории “Акипресс” аз суханронии оқои Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот дар бораи аломатгузории он (муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариши он ва кашидани харита) аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад.
Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон ин кишвар демаркатсия ва делимитатсияи марзи худро бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба истиснои Тоҷикистон анҷом додааст.