Тақвими иду истироҳат дар моҳи сентябр дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Сентябр дар Тоҷикистон ҷашнист, чун сокинони кишвар ин моҳро бо дарси сулҳу Рӯзи дониш оғоз мекунанду Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд
Дар баробари таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатӣ тоҷикистониён дар моҳи сентябр идҳои касбии дигарро низ қайд мекунанд.
Рӯзи 9-уми сентябр рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон мебошаду истироҳатист, соли равон ба рӯзи душанбе рост меояд.
Дар даҳаи аввали сентябр инчунин санаи 1-ум Рӯзи дониш, 3-юм - Рӯзи авиатсия ва Рӯзи гвардияи миллӣ, 4 - Рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин моҳ ҳамчунин кормандони саноат, роҳсозӣ, бахши ҷангал, мелиораторон иди касбияшонро қайд мекунанд.
Президенту парлумони Тоҷикистон соли равон ҳамчунин иди навро ҷорӣ намуданд, ки он низ моҳи сентябр таҷлил мегардад.
Бар асоси тағйироти ахиран тасвибшуда ба қонун дар бораи рӯзҳои ид, 26-уми сентябр — Рӯзи Маҷлиси Олӣ — парлумони Тоҷикистон эълон шуд.
Дар ин моҳ ҳамчунин Рӯзи Рӯдакӣ, ки 22 сентябр ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ қайд карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0