https://sputnik.tj/20240830/tamomi-mahsuloti-kishovarzii-khatlon-ba-6-kishvari-khorij-sodirot-shudaast-1064123815.html
Хатлон маҳсулоти кишоварзиашро ба 6 кишвари хориҷ содирот кардааст
Хатлон маҳсулоти кишоварзиашро ба 6 кишвари хориҷ содирот кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар дар шаш моҳ беш аз 27 ҳазор тоннаро ташкил додааст
2024-08-30T10:41+0500
2024-08-30T10:41+0500
2024-08-30T12:21+0500
дар тоҷикистон
хатлон
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
хориҷ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102183/22/1021832291_0:149:2879:1768_1920x0_80_0_0_2bdff0e9031a4f278285093aa49a25d4.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, асосан, ба ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва Белорус содирот шудааст.Дар маҷмӯъ содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар 27086 тоннаро ташкил дод.Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд мебошад.Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар шаш моҳи соли равон ба 15,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 банди фоизӣ афзуд.Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 643 миллион сомонӣ ворид гардид.Ҳамчунин дар вилоят нимаи якуми сол 5 миллиону 930 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд, ки 4 миллиону 126 ҳазор доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.Гардиши савдои хориҷӣ ба 225 миллион доллар баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 млн доллар (52,3%)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 млн доллар зиёд мебошад.Дар ин давра дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли рафта 39,5 млн доллар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20240719/khatlon-khoriji-kor-tamin-shudand-1063591016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102183/22/1021832291_15:0:2746:2048_1920x0_80_0_0_cfc2dc453fd2cc8d12a4ce958f4975e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, содирот, ммаҳсулот, кишоварзӣ, русия, белорус, афғонистон
тоҷикистон, хатлон, содирот, ммаҳсулот, кишоварзӣ, русия, белорус, афғонистон
Хатлон маҳсулоти кишоварзиашро ба 6 кишвари хориҷ содирот кардааст
10:41 30.08.2024 (Навсозишуда: 12:21 30.08.2024) Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар дар шаш моҳ беш аз 27 ҳазор тоннаро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, асосан, ба ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва Белорус содирот шудааст.
Дар маҷмӯъ содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар 27086 тоннаро ташкил дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд мебошад.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар шаш моҳи соли равон ба 15,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 банди фоизӣ афзуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 643 миллион сомонӣ ворид гардид.
Ҳамчунин дар вилоят нимаи якуми сол 5 миллиону 930 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд, ки 4 миллиону 126 ҳазор доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 225 миллион доллар баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 млн доллар (52,3%)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 млн доллар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли рафта 39,5 млн доллар зиёд мебошад.