https://sputnik.tj/20240829/rusiya-shumor-muhojironi-ghayriqonunro-rasonai-1064121952.html
Русия шумори муҳоҷирони ғайриқонунро расонаӣ кард
Русия шумори муҳоҷирони ғайриқонунро расонаӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон бинобар вайрон кардани низоми будубош, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ мақоми ғайриқонунӣ мегиранд
2024-08-29T17:11+0500
2024-08-29T17:11+0500
2024-08-29T17:11+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
ғайриқонунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061230293_101:32:2220:1224_1920x0_80_0_0_8103f54a3110ef743011667e14b62fec.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар қаламрави Русия 630 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд.Ин оморро намояндагони идораву ниҳодҳои давлатӣ дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба сиёсати муҳоҷират таҳти раёсати муовини нахуствазир Татяна Голикова пешниҳод намуданд, менависад "Коммерсант"."Ҳоло дар Русия ҳудуди 630 ҳазор муҳоҷир дар вазъияти ғайриқонунӣ қарор доранд - онҳо асосан ба далели вайрон кардани режими будубош, ду ва ё бештар қонуншикании маъмурӣ ё фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ ин мақомро гирифтаанд", - таъкид кардааст муовини вазири корҳои дохилӣ Александр Горовой.Мушаххас шудааст, ки аксари муҳоҷирони ғайриқонунӣ зодагони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки муҳоҷирати корӣ дар Русия то ҳол ба сатҳи пеш аз пандемияи COVID-19 нарасидааст.Дар соли 2023 дар бозори кори Русия ҳудуди 3,5 миллион муҳоҷири кории хориҷӣ ҳузур доштанд, ки нисбат ба соли 2019 қариб як миллион камтар аст.
https://sputnik.tj/20240821/volodin-qonun-muhojirat-parlumoni-rusiya-vorid-shudaast-1064020848.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061230293_159:0:2186:1520_1920x0_80_0_0_3108af9b0173e9e4b98ae8935e975480.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, ғайриқонунӣ, омор, вкд,, тоҷикистон
русия, муҳоҷират, ғайриқонунӣ, омор, вкд,, тоҷикистон
Русия шумори муҳоҷирони ғайриқонунро расонаӣ кард
Муҳоҷирон бино бар вайрон кардани низоми будубош, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ мақоми ғайриқонунӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар қаламрави Русия 630 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд.
Ин оморро намояндагони идораву ниҳодҳои давлатӣ дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба сиёсати муҳоҷират таҳти раёсати муовини нахуствазир Татяна Голикова пешниҳод намуданд, менависад "Коммерсант".
"Ҳоло дар Русия ҳудуди 630 ҳазор муҳоҷир дар вазъияти ғайриқонунӣ қарор доранд - онҳо асосан ба далели вайрон кардани режими будубош, ду ва ё бештар қонуншикании маъмурӣ ё фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ ин мақомро гирифтаанд", - таъкид кардааст муовини вазири корҳои дохилӣ Александр Горовой.
Мушаххас шудааст, ки аксари муҳоҷирони ғайриқонунӣ зодагони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки муҳоҷирати корӣ дар Русия то ҳол ба сатҳи пеш аз пандемияи COVID-19 нарасидааст.
Дар соли 2023 дар бозори кори Русия ҳудуди 3,5 миллион муҳоҷири кории хориҷӣ ҳузур доштанд, ки нисбат ба соли 2019 қариб як миллион камтар аст.