https://sputnik.tj/20240829/muhojir-zaboni-khoriji-meomuzad-tojikiston-muhojirat-diversifikatsiya-1064112791.html
Муҳоҷир забони хориҷӣ меомӯзад: Тоҷикистон раванди муҳоҷираташро диверсификатсияи мекунад
Муҳоҷир забони хориҷӣ меомӯзад: Тоҷикистон раванди муҳоҷираташро диверсификатсияи мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи ташкили даврҳои забономӯзиро баррасӣ карданд
2024-08-29T10:44+0500
2024-08-29T10:44+0500
2024-08-29T10:44+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
забономӯзӣ
муҳоҷирони корӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064112060_420:202:1717:932_1920x0_80_0_0_464d53f3a1f37279f7e0a14cc8a9629f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ ва асосҳои идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва роҳбари нави Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Лутенко баррасӣ гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ибрози андеша намуданд.Ҳамзамон аз натиҷаи корҳои муштарак бобати андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷират, омодасозии ҳисоботи мамлакат дар бораи иҷрои тавсияҳои СММ нисбат ба Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ вобаста ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023-2025, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Роҳбари нави Созмони байналмилалии муҳоҷират барои ҳамкории минбаъда дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварии омори муҳоҷират ва идоракунии махзани маълумот изҳори омодагӣ намуд.Ҳамчунин вай аз таҳияи пешниҳодҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии амалкунанда, ки равандҳои муҳоҷиратро танзим мекунанд, ҷалби диаспораҳо дар рушди ҷумҳурӣ, корбарӣ бо сомонаи www.kor.tj барои ҷойи кори холӣ, гузаронидани пурсиш дар байни муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ки ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023–2025 ва таҳияи нақшаи сесолаи оянда мусоидат менамояд, изҳори омодагӣ намуд.Тарафҳо ҳамкории минбаъдаро дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ва чорабиниҳои пешбинишудаи Харитаи роҳ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнати кишвар ва Созмони байналмилалии муҳоҷират тасдиқ шудаанд, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.
https://sputnik.tj/20240821/volodin-qonun-muhojirat-parlumoni-rusiya-vorid-shudaast-1064020848.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064112060_429:30:1722:1000_1920x0_80_0_0_54e958ae8f7282e8280134d78d05ef54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раванди муҳоҷират, диверсификатсия, созмони байналмилалии муҳоҷират, забономӯзӣ
тоҷикистон, раванди муҳоҷират, диверсификатсия, созмони байналмилалии муҳоҷират, забономӯзӣ
Муҳоҷир забони хориҷӣ меомӯзад: Тоҷикистон раванди муҳоҷираташро диверсификатсияи мекунад
Масъулини вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи ташкили даврҳои забономӯзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ ва асосҳои идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва роҳбари нави Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Лутенко баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон аз натиҷаи корҳои муштарак бобати андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷират, омодасозии ҳисоботи мамлакат дар бораи иҷрои тавсияҳои СММ нисбат ба Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ вобаста ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023-2025, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Роҳбари нави Созмони байналмилалии муҳоҷират барои ҳамкории минбаъда дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварии омори муҳоҷират ва идоракунии махзани маълумот изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамчунин вай аз таҳияи пешниҳодҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии амалкунанда, ки равандҳои муҳоҷиратро танзим мекунанд, ҷалби диаспораҳо дар рушди ҷумҳурӣ, корбарӣ бо сомонаи www.kor.tj барои ҷойи кори холӣ, гузаронидани пурсиш дар байни муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ки ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023–2025 ва таҳияи нақшаи сесолаи оянда мусоидат менамояд, изҳори омодагӣ намуд.
Тарафҳо ҳамкории минбаъдаро дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ва чорабиниҳои пешбинишудаи Харитаи роҳ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнати кишвар ва Созмони байналмилалии муҳоҷират тасдиқ шудаанд, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.