https://sputnik.tj/20240827/rusiya-baqayd-giyoh-shifobakhsh-iiao-soddatar-1064099202.html
Русия метавонад бақайдгирии гиёҳҳои шифобахшро дар ҳудуди ИИАО содатар кунад
Русия метавонад бақайдгирии гиёҳҳои шифобахшро дар ҳудуди ИИАО содатар кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба Вазорати тандурустии Русия тавсия дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатӣ навъҳо ва гибридҳои растаниҳоеро дохил кунад, ки дар асоси онҳо доруҳои тиббӣ... 27.08.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-08-27T17:53+0500
2024-08-27T17:53+0500
2024-08-27T17:53+0500
ииао
русия
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064097822_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_3122f764bc7e60343e86f3034f2c676b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Шӯрои Федератсия ба Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кардааст, ки сабти номи гиёҳҳои шифобахшро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) соддатар кунад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба раиси Кумитаи сиёсати кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва идоракунии муҳити зист Александр Двойних хабар дод.Вай тавзеҳ дод, ки сухан дар бораи ба Феҳристи давлатӣ ворид кардани навъҳо ва гибридҳои растанӣ меравад, ки дар асоси онҳо доруҳо эҷод мешаванд. "Дар пайи ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ, кумита қарореро тасвиб кард, ки дар он тавсияҳо ба Вазорати кишоварзии Русия дарҷ шудааст", - гуфт Двойних.Илова бар ин, кумита тавсия медиҳад, ки истеҳсоли равғани эфир ва парвариши растаниҳои шифобахш ба рӯйхати зерсоҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ дохил карда, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони кишоварзӣ таъмин карда шавад.Ҳамзамон, зарур аст, ки барои пурзӯр кардани назорат аз болои риояи талабот оид ба сифат ва пешгирии қалбакии чунин доруҳо чораҳои иловагӣ андешида шаванд, афзуд раиси кумита.
https://sputnik.tj/20231013/baqaydgiri-doruho-kishvarhoi-iiao-sodda-1059938119.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064097822_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f961d55cf5c809df61fe498ee5231682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, тандурустӣ
Русия метавонад бақайдгирии гиёҳҳои шифобахшро дар ҳудуди ИИАО содатар кунад
Ба Вазорати тандурустии Русия тавсия дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатӣ навъҳо ва гибридҳои растаниҳоеро дохил кунад, ки дар асоси онҳо доруҳои тиббӣ истеҳсол мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Шӯрои Федератсия ба Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кардааст, ки сабти номи гиёҳҳои шифобахшро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) соддатар кунад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба раиси Кумитаи сиёсати кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва идоракунии муҳити зист Александр Двойних хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки сухан дар бораи ба Феҳристи давлатӣ ворид кардани навъҳо ва гибридҳои растанӣ меравад, ки дар асоси онҳо доруҳо эҷод мешаванд.
"Дар пайи ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ, кумита қарореро тасвиб кард, ки дар он тавсияҳо ба Вазорати кишоварзии Русия дарҷ шудааст", - гуфт Двойних.
Илова бар ин, кумита тавсия медиҳад, ки истеҳсоли равғани эфир ва парвариши растаниҳои шифобахш ба рӯйхати зерсоҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ дохил карда, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони кишоварзӣ таъмин карда шавад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки барои пурзӯр кардани назорат аз болои риояи талабот оид ба сифат ва пешгирии қалбакии чунин доруҳо чораҳои иловагӣ андешида шаванд, афзуд раиси кумита.