https://sputnik.tj/20240827/roh-tojikiston-navsozi-meshavand-1064082442.html
Роҳҳои Тоҷикистон навсозӣ мешаванд
Роҳҳои Тоҷикистон навсозӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ФАМР музокирот анҷом дод, ки дар он масъалаи бунёди долонҳои зиддитармавӣ ва нақбҳо дар қитъаҳои осебпазири роҳҳо баррасӣ шуд. 27.08.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-08-27T10:29+0500
2024-08-27T10:29+0500
2024-08-27T10:29+0500
дар тоҷикистон
вазорати нақлиёт
роҳ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/19/1031959258_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_d2c1ff0044db3537ea7a72960180d8d7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд барои навсозии ҷоддаҳои асосии Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд. Тибқи иттилои расмӣ, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд музокирот анҷом дода, дар он масъалаи бунёди долонҳои зиддитармавӣ ва нақбҳо дар қитъаҳои осебпазири роҳҳо баррасӣ шудааст.Аз ҷумла, сухан дар бораи роҳҳои самти Хуҷанд – Конибодом, Гулистон – Кӯлоб, Гулистон – Фархор, Гулистон – Данғара, Ховалинг – Сангвор ва Балҷувон – Сари-Хосор меравад.Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 млрд доллар амалӣ мешавад. Тибқи нақша кор дар хатсайрҳои Обигарм – Нуробод, Душанбе – Бохтар, Душанбе – Кулма, Қизилқалъа – Бохтар ва ғайра идома дорад. Илова бар ин, дар доираи созишномаи Тоҷикистону Эрон сохтмони навбати дуюми нақби "Истиқлол" идома дорад.
https://sputnik.tj/20240717/sahm-muhojiron-rusiya-rohi-basmanda-deha-qadimii-sugd-mumfarsh-video-1063568801.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/19/1031959258_513:0:3244:2048_1920x0_80_0_0_703b6eeb6cbc1af70bacc1ed47df6725.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вазорати нақлиёт, роҳ, нақлиёт
дар тоҷикистон, вазорати нақлиёт, роҳ, нақлиёт
Роҳҳои Тоҷикистон навсозӣ мешаванд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ФАМР музокирот анҷом дод, ки дар он масъалаи бунёди долонҳои зиддитармавӣ ва нақбҳо дар қитъаҳои осебпазири роҳҳо баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд барои навсозии ҷоддаҳои асосии Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд музокирот анҷом дода, дар он масъалаи бунёди долонҳои зиддитармавӣ ва нақбҳо дар қитъаҳои осебпазири роҳҳо баррасӣ шудааст.
Аз ҷумла, сухан дар бораи роҳҳои самти Хуҷанд – Конибодом, Гулистон – Кӯлоб, Гулистон – Фархор, Гулистон – Данғара, Ховалинг – Сангвор ва Балҷувон – Сари-Хосор меравад.
Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 млрд доллар амалӣ мешавад.
Тибқи нақша кор дар хатсайрҳои Обигарм – Нуробод, Душанбе – Бохтар, Душанбе – Кулма, Қизилқалъа – Бохтар ва ғайра идома дорад.
Илова бар ин, дар доираи созишномаи Тоҷикистону Эрон сохтмони навбати дуюми нақби "Истиқлол" идома дорад.