Мақомоти Суғд сабаби 80% гарон шудани нархи гази моеъро шарҳ доданд

Обуна шудан
Тайи ду моҳи охир дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон қимати фурӯши гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт беист боло рафта ба 8 сомонӣ дакка задааст.
Ин нишасти матбуотии блоки иқтисодии ҳукумати вилояти Суғд ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо кадом сабабҳо ва чи қадар нархи маводи сӯхт дар муқоиса ба як соли пеш боло рафтааст.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, гароншавии мавои сӯзишворӣ аз ҷумла гази моеъ ба ҳаҷми воридоти он алоқаманд нест.
“Агар гуем, ки воридот кам шудааст, ин тавр нест, баръакс зиёд аст, вале нарх дар бозорҳои вилояти Суғд баланд шудааст. Бино ба таҳлилҳои мо, агар нимаи аввали соли 2023 гази моеъ дар навоҳии вилоят бо нархи 4,8 сомонӣ фурухта мешуд ҳоло болоравии нарх беш аз 80% ва то ба 7,4 – 7,7 сомонӣ мушоҳида мешавад”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилоъи манбаъ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба вилояти Суғд ҳудуди 150 ҳазор тон маводи нафтӣ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118% бештар будааст.
Ҳаким Ҳакимзода, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинг дар ҳукумати вилояти Суғд сабаби болоравии нархи газро ба нархи воридоти он шарҳ дод.
Ӯ, мегуяд, дар муқоиса ба соли қаблӣ арзиши воридотии ҳар тон маводи нафтӣ 40 доллар ва ҳар тон гази моеъ то 305 доллар боло рафтааст.
“Бино ба маълумотҳои Идораи гумрук агар дар соли 2023 як тон маводи нафтӣ ба маблағи 709 доллар ворид шуда бошад, он 749 доллар аст, гази моеъ бошад дар соли 2023 ба нархи 397 доллар ворид мешуд, ҳоло ба 702 доллар баробар шудааст. Нарх дар худи кишвари содиркунанда баланд шуда ва табиист ки ба нархи чаканаи мол бетаъсир намемонад” - изҳор намуд Ҳакимзода.
Алҳол дар тоблуҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд мушоҳида мешавад, ки дар муқоиса ба як моҳи қабл арзиши гази моеъ ва бензину сӯзишвории дизелӣ аз 0, 5 сомонӣ то 2 сомонӣ гаронтар шудааст:
Гази моеъ – 7, 7 - 7, 8 сомонӣ;
Бензини АИ 92 – 10, 4 - 10, 6 сомонӣ;
Бензини АИ 95 – 10, 8 - 11, 0 сомонӣ;
Сӯзишвории дизелӣ ё солярка – 11, 0 - 11, 5 сомонӣ
Бино ба ин нархнома, фурӯши маводи сӯхт дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ аз 30% то 80 % баланд гуфта мешавад. Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0