https://sputnik.tj/20240827/khf-zaminlarzai-shadid-dar-khorughro-sharh-dod-1064091150.html
КҲФ заминларзаи шадид дар Хоруғро шарҳ дод
КҲФ заминларзаи шадид дар Хоруғро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар шарҳи ин офати табиӣ гуфт, сокинони ВМКБ, алалхусус бошандагони шаҳри Хоруғ талафти ҷониву молӣ надиданд 27.08.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-08-27T14:39+0500
2024-08-27T14:39+0500
2024-08-27T14:57+0500
дар тоҷикистон
хоруғ
заминҷунбӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064091505_0:13:1030:592_1920x0_80_0_0_4183b49734c42b901018e6f0ffb4f5a1.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон зуҳри рӯзи 27 август заминҷунбии қавӣ рух дод. Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон марказашро Ҷумҳурии Афғонистон гуфт ва шиддати онро 5 дараҷаӣ арзёбӣ кард.Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ ин офати табииро шарҳ дода, афзуд, ки заминҷунбӣ соати 12:29 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.Ба иттилои ӯ, заминҷунбӣ дар шаҳри Хоруғ ва тамоми қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт.Бояд гуфт, заминҷунбӣ дар умқи 117 километр будааст.Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064091505_21:0:981:720_1920x0_80_0_0_cba980f345ae220077a49ce49d4eead6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хоруғ, заминҷунбӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, хоруғ, заминҷунбӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
КҲФ заминларзаи шадид дар Хоруғро шарҳ дод
14:39 27.08.2024 (Навсозишуда: 14:57 27.08.2024) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар шарҳи ин офати табиӣ гуфт, сокинони ВМКБ, алалхусус бошандагони шаҳри Хоруғ талафти ҷониву молӣ надиданд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон зуҳри рӯзи 27 август заминҷунбии қавӣ рух дод. Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон марказашро Ҷумҳурии Афғонистон гуфт ва шиддати онро 5 дараҷаӣ арзёбӣ кард.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ ин офати табииро шарҳ дода, афзуд, ки заминҷунбӣ соати 12:29 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.
"Маркази заминларза 32 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Хоруғи ВМКБ буда, қувваи заминларза дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст", - хабар дод сухангӯи ин Кумита ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои ӯ, заминҷунбӣ дар шаҳри Хоруғ ва тамоми қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт.
Бояд гуфт, заминҷунбӣ дар умқи 117 километр будааст.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.