https://sputnik.tj/20240826/shoreh-nizomi-zelenskiy-nba-kursk-zaporozhe-hamla-1064077211.html
Шореҳи низомӣ шарҳ дод, ки чаро Зеленский ба НБА Курск ва Запороже ҳамла мекунад
Шореҳи низомӣ шарҳ дод, ки чаро Зеленский ба НБА Курск ва Запороже ҳамла мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамла ба нерӯгоҳҳои атомӣ дар назди раҳбарияти Русия интихоб мегузорад, ки минбаъд чӣ бояд кард ва чӣ гуна онҳоро боздошт, гуфт коршиноси низомӣ Андрей... 26.08.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-08-26T17:53+0500
2024-08-26T17:53+0500
2024-08-26T19:33+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украиан
сиёсат
владимир зеленский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064074535_0:66:640:426_1920x0_80_0_0_d561db25ea95b49099088338b836b9fc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Айни ҳол тасмимҳои раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский, ки ба нерӯгоҳҳои атомии Русия ҳамла кард, барои анҷоми коре ягон асоси маънавӣ надоранд. Дар ин бора коршиноси низомӣ, раиси Маркази низоъҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ Андрей Клинтсевич дар мусоҳиба бо шабакаи русии Sputnik хабар дод. Ғарб ва Зеленский дарк мекунанд, ки зарба задан ба нерӯгоҳҳои атомӣ пеши раҳбарияти Русия суоле мегузорад, ки минбаъд чӣ бояд кард ва чӣ гуна ин зарбаҳоро боздоранд, гуфт Клинтсевич.Вай гузориши соли гузаштаи Хадамоти истихбороти хориҷии Русияро ёдовар шуд, ки дар он гуфта мешавад, ки Зеленский мушакҳои зиддиҳавоиро дар наздикии нерӯгоҳҳои атомии худ пинҳон кардааст, зеро Маскав ба онҳо ҳамла намекунад. "Зеро инфиҷор рух медиҳад ва ҷаҳон фавран Русияро барои зарба задан ба иншооти энержии атомӣ айбдор мекунад", - шарҳ дод таҳлилгари низомӣ.Ҳамзамон, Зеленский махсус Федератсияи Русияро месанҷад, то ки Ғарб нисбати Русия иттиҳоми манфӣ бигирад ва шариконашро водор кунад, то ба режими ӯ кумаки низомӣ, сиёсӣ ва молиро идома диҳанд, боварӣ дорад Клинтсевич.Вай афзуд, умед ба вокуниши одилонаи МАГАТЭ барои муттаҳам кардани Киев маъно надорад. "Ин яке аз муассисаҳои байналмилалӣ аст, ки амрикоиҳо, бритониёҳо, корпоратсияҳои трансмиллӣ онро пурра назорат доранд. Онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ нобино шудаанд. Онҳо мебинанд, ки зарба мезанад, аммо аз куҷо гуфта наметавонанд. Онҳо мебинанд, ки мушакҳо аз соҳили муқобили обанбори Каховка пайваста парвоз мекунанд, аммо мустақиман гуфта наметавонанд, ки маҳз Украина ба иншооти ҳастаӣ зарба мезанад”, - таъкид кард коршиноси низомӣ. Ба гуфтаи Клинтсевич, вақти он расидааст, ки созмони алтернативӣ барои назорати иншоотҳои атомӣ таъсис дода шавад, зеро ҷаҳон мехоҳад нуқтаи назари дигарро низ бубинад.
https://sputnik.tj/20240819/korshinos-natija-hamla-kursk-poyon-zelenskiy-rezhimash-1064005326.html
русия
украиан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1a/1064074535_0:80:640:560_1920x0_80_0_0_26501333498e80ef049e19bf193e804a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украиан, сиёсат , владимир зеленский
русия, украиан, сиёсат , владимир зеленский
Шореҳи низомӣ шарҳ дод, ки чаро Зеленский ба НБА Курск ва Запороже ҳамла мекунад
17:53 26.08.2024 (Навсозишуда: 19:33 26.08.2024) Ҳамла ба нерӯгоҳҳои атомӣ дар назди раҳбарияти Русия интихоб мегузорад, ки минбаъд чӣ бояд кард ва чӣ гуна онҳоро боздошт, гуфт коршиноси низомӣ Андрей Клинтсевич
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Айни ҳол тасмимҳои раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский, ки ба нерӯгоҳҳои атомии Русия ҳамла кард, барои анҷоми коре ягон асоси маънавӣ надоранд.
Дар ин бора коршиноси низомӣ, раиси Маркази низоъҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ Андрей Клинтсевич дар мусоҳиба бо шабакаи русии Sputnik хабар дод.
"Мо ба хубӣ мефаҳмем, ки амалан ҳеҷ гуна фишор намондааст, ки режими Зеленский онро истифода накардааст, эҳтимол танҳо худсӯзии ӯ дар майдони Банковая ҳамчун як навъ эътироз мондааст", - гуфт ӯ.
Ғарб ва Зеленский дарк мекунанд, ки зарба задан ба нерӯгоҳҳои атомӣ пеши раҳбарияти Русия суоле мегузорад, ки минбаъд чӣ бояд кард ва чӣ гуна ин зарбаҳоро боздоранд, гуфт Клинтсевич.
Вай гузориши соли гузаштаи Хадамоти истихбороти хориҷии Русияро ёдовар шуд, ки дар он гуфта мешавад, ки Зеленский мушакҳои зиддиҳавоиро дар наздикии нерӯгоҳҳои атомии худ пинҳон кардааст, зеро Маскав ба онҳо ҳамла намекунад.
"Зеро инфиҷор рух медиҳад ва ҷаҳон фавран Русияро барои зарба задан ба иншооти энержии атомӣ айбдор мекунад", - шарҳ дод таҳлилгари низомӣ.
Ҳамзамон, Зеленский махсус Федератсияи Русияро месанҷад, то ки Ғарб нисбати Русия иттиҳоми манфӣ бигирад ва шариконашро водор кунад, то ба режими ӯ кумаки низомӣ, сиёсӣ ва молиро идома диҳанд, боварӣ дорад Клинтсевич.
Вай афзуд, умед ба вокуниши одилонаи МАГАТЭ барои муттаҳам кардани Киев маъно надорад.
"Ин яке аз муассисаҳои байналмилалӣ аст, ки амрикоиҳо, бритониёҳо, корпоратсияҳои трансмиллӣ онро пурра назорат доранд. Онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ нобино шудаанд. Онҳо мебинанд, ки зарба мезанад, аммо аз куҷо гуфта наметавонанд. Онҳо мебинанд, ки мушакҳо аз соҳили муқобили обанбори Каховка пайваста парвоз мекунанд, аммо мустақиман гуфта наметавонанд, ки маҳз Украина ба иншооти ҳастаӣ зарба мезанад”, - таъкид кард коршиноси низомӣ.
Ба гуфтаи Клинтсевич, вақти он расидааст, ки созмони алтернативӣ барои назорати иншоотҳои атомӣ таъсис дода шавад, зеро ҷаҳон мехоҳад нуқтаи назари дигарро низ бубинад.