https://sputnik.tj/20240826/eron-ruydod-gardishgari-adabiro-hamkori-tojikiston-barnomarezi-1064062563.html
Эрон: Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро бо ҳамкории Тоҷикистон барномарезӣ мекунем
Эрон: Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро бо ҳамкории Тоҷикистон барномарезӣ мекунем
Sputnik Тоҷикистон
Мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро бо ҳамкории Тоҷикистон дар май барномарезӣ мекунем
2024-08-26T09:36+0500
2024-08-26T09:36+0500
2024-08-26T09:36+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
эрон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_86634c805f76b9135783c3b2a1f30179.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Нишасти муштараки гардишгарии Эрону Тоҷикистон дар маҳали сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури фаъолони гардишгарии ду кишвар баргузор шуд.Дар ин нишаст, Мустафо Фотимӣ, мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, тавсеаи гардишгарии адабӣ яке аз аҳдофи мост."Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро дар моҳи май барномарезӣ мекунем, умедворем, ки Тоҷикистон дар ин барнома ҳамкорӣ кунад”, - гуфт ӯ.Дар ин барномаи Нирӣ аз шаҳрдории Шероз эъломи омодагӣ кард, ки ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Шероз баргузор шавад.Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.Низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
https://sputnik.tj/20240825/tabiboni-tojikistonu-eron-taboduli-tajriba-mekunand-1064055190.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_04b1751c93f296641d3a0530e37612f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, фарҳанг, гардишгарӣ, адабӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, фарҳанг, гардишгарӣ, адабӣ
Эрон: Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро бо ҳамкории Тоҷикистон барномарезӣ мекунем
Мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро бо ҳамкории Тоҷикистон дар май барномарезӣ мекунем
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Нишасти муштараки гардишгарии Эрону Тоҷикистон дар маҳали сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури фаъолони гардишгарии ду кишвар баргузор шуд.
Дар ин нишаст, Мустафо Фотимӣ, мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, тавсеаи гардишгарии адабӣ яке аз аҳдофи мост.
"Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро дар моҳи май барномарезӣ мекунем, умедворем, ки Тоҷикистон дар ин барнома ҳамкорӣ кунад”, - гуфт ӯ.
Дар ин барномаи Нирӣ аз шаҳрдории Шероз эъломи омодагӣ кард, ки ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Шероз баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.