Шавкат Мирзиёев ба Нигина Амонқулова унвони ҳунарпешаи халқии Узбекистон дод

© Sputnik / Амир ИсаевНигина Амонкулова
Нигина Амонкулова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбекистон ба шаш нафар ҳунармандон, ки миёни онҳо сарояндаи тоҷик Нигина Амонқулова будааст унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Узбекистон дод
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бо фармони Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбекистон ба Нигина Амонқулова - солисти ансамбли "Дарё"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Узбекистон дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин унвон барои хизматҳои барҷаста дар таҳкими истиқлолияти Ватан, татбиқи босамари ислоҳоти васеъмиқёс дар самти сохтмони Ӯзбекистони нав, истеъдоди барҷаста, фаъолияти серсоҳаи эҷодӣ ва илмию амалӣ ба баланд бардоштани маърифати маънавии халқ, рушди соҳаҳои илм нигаронида шудааст.
Ҳамчунин ин унвон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, инчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дода шудааст.
Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Аз намоҳанги Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров саҳнаи куштор хат зада шуд: чаро?
Нигина Амонқулова яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон аст, ки дар байни ҳунармандон бо либоспӯшии махсуси тоҷиконааш дар саҳна фарқ мекунад. Ин ҳунарманд пас аз як баромади худ дар "Андалеб" ба саҳна роҳ ёфт ва мавқеи худро низ пайдо карда тавонист.
Имрӯз Нигина Амонқулова, яке аз ситораҳои шоу-бизнеси ва эстрадаи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Нигина зодаи шаҳри Панҷакент аст ва аз соли 2007 инҷониб дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0