https://sputnik.tj/20240825/iiao-ama-imzoi-sozishnomai-sharikii-iqtisodi-nazdik-1064061589.html
ИИАО ва АМА ба имзои созишномаи шарикии иқтисодӣ наздик шуданд
ИИАО ва АМА ба имзои созишномаи шарикии иқтисодӣ наздик шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб музокиротро дар бораи созишномаи шарикии иқтисодӣ ба наздикӣ ба анҷом мерасонанд.
2024-08-25T18:51+0500
2024-08-25T18:51+0500
2024-08-25T18:51+0500
ииао
созишнома
ама
шарикони иқтисодӣ
шарики асосӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_0:156:3088:1893_1920x0_80_0_0_a0391f5d35aa86735e1e11e02370af93.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб қарор аст созишномаи шарикии иқтисодӣ ба имзо расонанд. Музокирот дар ин бора ба наздикӣ ба анҷом мерасад.Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Ба иттилои манбаъ ахиран дар ин бора мулоқоти ҳайъати Комиссия дар симои Андрей Слепнев ва вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Тани бин Аҳмад Ал Зейудӣ сурат гирифт."Дар рафти мулоқот масъалаҳои асосии музокирот дар бораи бастани созишномаи шарикии иқтисодӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва АМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки ҳалли онҳо ба ҳарчи зудтар анҷом ёфтани раванди гуфтушунид мусоидат хоҳад кард", - қайд кард Андрей Слепнев.Қарор дар бораи оғози музокирот бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул шудааст. То имрӯз се даври гуфтушунид баргузор гардид. Интизор меравад, ки даври навбатии музокирот моҳи сентябри соли 2024 баргузор шавад.Тавре Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар додааст, ин санад аз ҷумла масъалаҳои либерализатсияи тарифҳо, ҳамкориҳои гумрукӣ ва саноатӣ, тиҷорати электронӣ ва моликияти зеҳнӣ ва чораҳои ҳифзи тиҷоратро танзим мекунад.ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.
https://sputnik.tj/20240824/gardishi-savdo-dokhili-iiao-milliard-dollar-1064051526.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_a55459ce086529fac12a3aebae5bee10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, ама, музокирот, созишнома, шарикии иқтисодӣ, анҷом
ииао, ама, музокирот, созишнома, шарикии иқтисодӣ, анҷом
ИИАО ва АМА ба имзои созишномаи шарикии иқтисодӣ наздик шуданд
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб музокиротро дар бораи созишномаи шарикии иқтисодӣ ба наздикӣ ба анҷом мерасонанд.
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб қарор аст созишномаи шарикии иқтисодӣ ба имзо расонанд. Музокирот дар ин бора ба наздикӣ ба анҷом мерасад.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ахиран дар ин бора мулоқоти ҳайъати Комиссия дар симои Андрей Слепнев ва вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Тани бин Аҳмад Ал Зейудӣ сурат гирифт.
"Дар рафти мулоқот масъалаҳои асосии музокирот дар бораи бастани созишномаи шарикии иқтисодӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва АМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки ҳалли онҳо ба ҳарчи зудтар анҷом ёфтани раванди гуфтушунид мусоидат хоҳад кард", - қайд кард Андрей Слепнев.
Қарор дар бораи оғози музокирот бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул шудааст. То имрӯз се даври гуфтушунид баргузор гардид. Интизор меравад, ки даври навбатии музокирот моҳи сентябри соли 2024 баргузор шавад.
Тавре Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар додааст, ин санад аз ҷумла масъалаҳои либерализатсияи тарифҳо, ҳамкориҳои гумрукӣ ва саноатӣ, тиҷорати электронӣ ва моликияти зеҳнӣ ва чораҳои ҳифзи тиҷоратро танзим мекунад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.