https://sputnik.tj/20240824/vukh-tojikiston-hamkoron-idm-tekhnologiya-nav-justuju-barrasi-kard-1064049426.html
ВУХ Тоҷикистон бо ҳамкорон аз кишварҳои ИДМ технологияҳои нави ҷустуҷӯиро баррасӣ кардааст
ВУХ Тоҷикистон бо ҳамкорон аз кишварҳои ИДМ технологияҳои нави ҷустуҷӯиро баррасӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки барои ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва гузаронидани кофтукови байнидавлатии ашхос табодули иттилоот кунанд 24.08.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-08-24T11:41+0500
2024-08-24T11:41+0500
2024-08-24T11:41+0500
дар тоҷикистон
идм
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/17/1064047954_0:23:800:473_1920x0_80_0_0_6324e324c3fb0e69ac5ca37d923d3337.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сарони раёсатҳои вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар системаҳои ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва гумшудагонро баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст. Манбаъ афзуд, ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Чолпон-Ата баргузор гардид.Дар чорабинӣ ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон ширкат доштанд.Намояндагони бюрои координатсияи муборизаи зидди ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои хавфноки ҷиноят дар қаламрави давлатҳои ИДМ низ ҳозир буданд.Зикр гардид, ки дар робита ба ин масъала низ табодули афкор сурат гирифт.Кормандони ҳифзи ҳуқуқ усулҳои истифодаи иттилооти генетикиро ҳамчун воситаи муайян кардани ҷинояткорон, гумшудаҳо ва ҷасадҳои номаълум, инчунин нигоҳ доштани сабти ҷиноятӣ дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ баррасӣ карданд.Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири таъмини ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва татбиқи кофтукови байнидавлатии шахсон дар шароити муосир табодули иттилоот кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/17/1064047954_20:0:732:534_1920x0_80_0_0_78532ab89de08a8d95cc4a91ea95f301.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, идм, амният ва мудофиа
дар тоҷикистон, идм, амният ва мудофиа
ВУХ Тоҷикистон бо ҳамкорон аз кишварҳои ИДМ технологияҳои нави ҷустуҷӯиро баррасӣ кардааст
Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки барои ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва гузаронидани кофтукови байнидавлатии ашхос табодули иттилоот кунанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сарони раёсатҳои вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар системаҳои ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва гумшудагонро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст.
Манбаъ афзуд, ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Чолпон-Ата баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон ширкат доштанд.
Намояндагони бюрои координатсияи муборизаи зидди ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои хавфноки ҷиноят дар қаламрави давлатҳои ИДМ низ ҳозир буданд.
"Иштирокчиёни вохӯрӣ таҷрибаи истифодаи технологияҳои муосир барои муайян кардани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, системаҳои иттилоотӣ ва бонкҳои маълумотро, ки барои шинохти чеҳра ҳангоми кофтукови байнидавлатӣ истифода мешаванд, баррасӣ намуданд", - гуфта мешавад дар иттилоия.
Зикр гардид, ки дар робита ба ин масъала низ табодули афкор сурат гирифт.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ усулҳои истифодаи иттилооти генетикиро ҳамчун воситаи муайян кардани ҷинояткорон, гумшудаҳо ва ҷасадҳои номаълум, инчунин нигоҳ доштани сабти ҷиноятӣ дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ баррасӣ карданд.
Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири таъмини ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва татбиқи кофтукови байнидавлатии шахсон дар шароити муосир табодули иттилоот кунанд.