Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия ба 5,5 ҳазор нафар расид

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкРабота 88-й разведывательно-диверсионной бригады "Эспаньола"
Работа 88-й разведывательно-диверсионной бригады Эспаньола - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2024
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии шумори зиёди нерӯҳои украинӣ ва техникаи низомӣ дар самти Курск хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки аз рӯзи аввали набард то имрӯз дар самти Курск нерӯҳои украинӣ беш аз 5,5 ҳазор низомии худро аз даст доданд.
"Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск душман талафот дод: беш аз 5500 сарбоз, 71 танк, 30 худрави зиреҳпуши пиёданизом, 57 нафарбаи зиреҳпӯш, 372 мошини зиреҳпӯш", - хабар додааст вазорати дифоъ.
Илова бар ин, Киев дар ин муддат 170 мошин, 36 тӯпхона, панҷ системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 11 системаҳои чандгонаи мушакандоз, аз ҷумла се HIMARS ва MLRS, ҳафт истгоҳи ҷанги электронӣ, радарҳо, ва ғайра аз даст дод.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид кард вазорати дифои Русия.
Ахиран Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар яке аз қароргоҳҳои фармондеҳии вазорати дифоъ бо раҳбарияти Гурӯҳи муштараки нерӯҳои мусаллаҳ мулоқот кард.
Боевая работа РСЗО Ураган на Авдеевском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2024
Талафоти артиши Украина дар Курск афзоиш ёфт: омори ҷадиди вазорати дифои Русия
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Кремл, Сарфармондеҳи олӣ гузориши сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ва сардори Сарраёсати амалиёти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Сергей Рудскийро гӯш кард.
Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0