Ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии тоҷикон дар вилояти Свердловски Русия баррасӣ шуд

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдБоздиди раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск аз вилояти Суғд
Боздиди раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск аз вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2024
Обуна шудан
Ахиран раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Русия аз вилояти Суғди Тоҷикистон боздид кард
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Русия Андрей Ветлужских ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии тоҷикон дар ин вилояти Русияро баррасӣ кард
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар мулоқот муовини Раиси вилоят оид ба ҳамкориҳои вилоят бо минтақаҳои гуногуни Русия, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилоят ибрози ақида намуд.
Гимназия Эхеи Маънавият   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2024
Нахустин гимназияи хусусӣ дар Тоҷикистон тибқи стандартҳои Русия таълим медиҳад
“Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои минбадаи вилояти Суғд бо вилояти Свердловск, алалхусус дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Свердловск фаолият доранд ва оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуданд”, - қайд кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Андрей Ветлужских аз истиқболи гарм изҳори хушнудӣ намуда, барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун омодагии худро иброз намуд.
Лентаи хабарҳо
0