Дар Тоҷикистон барои гусели кӯдак ба мактаб чӣ қадар маблағ масраф мешавад

Обуна шудан
Имсол рӯзи хониш ба 2 сентябр рост меояд. Хонандагон ба эҳтимоли зиёд аллакай барои соли нави хониш омодагӣ гирифтаанд. Sputnik Тоҷикистон масрафи як талабаро ҳисоб кард
Ягон талаба бидуни навиштафзорҳову кулбор наметавонад ба мактаб биравад. дар тасвирбаён маблағи хариди лавозимоти мактабиро ҷо додем.
Илова бар ин харҷи хариди либосро низ ҳисоб кард. Маъмулан масрафи духтарон барои мактаб бештар аз бачаҳост. Ба ғайр аз шалвору курта духтар бояд сарафан (170-320 сомонӣ), доман (80-120 сомонӣ), курта (100-150 сомонӣ) ва кафш (50-350 сомонӣ) низ бихарад.
Барои бачаҳо кафш (50-350сомонӣ), гарданбанд(40-65сомонӣ), костюми мардона (300-500 сомонӣ), курта (100 - 150 сомонӣ) лозим аст.
Одатан дар Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш ярмаркаҳои мактабиро баргузор мекунанд, ки ба иттилои мақомот нархҳо дар он нисбатан арзон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0