https://sputnik.tj/20240823/sarvazir-tojikiston-toqaev-muloqot-1064042249.html
Сарвазири Тоҷикистон бо Тоқаев чиро баррасӣ кард
Сарвазири Тоҷикистон бо Тоқаев чиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи дуюми сафари давлатии президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти ӯ бо сарвазири Тоҷикистон сурат гирифт
2024-08-23T14:51+0500
2024-08-23T14:51+0500
2024-08-23T14:51+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
қоҳир расулзода
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/17/1064042026_0:55:1280:775_1920x0_80_0_0_dbb96cda7bc83b89a6c8876913fa0105.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо раисҷумҳурии Қазоқистон, Қосим -Ҷомарт Тоқаев, ки бо сафари давлатӣ дар ҷумҳурӣ қарор дорад, мулоқот кард.Бар хабари расонаҳои он кишвар, Тоқаев зимни мулоқот бо Расулзода барои мусоидат дар баргузории форуми тиҷоратӣ дар сатҳи баланд, ки дар он ба маблағи беш аз $1млрд қарордодҳо ба имзо расидаанд, изҳори сипос кард.Расулзода низ изҳор дошт, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон шарики хеле муҳими тиҷоратӣ мебошад.Сарвазири Тоҷикистон аз равобити фаъоли мутақобилан судманди кишварҳо дар солҳои ахир таъкид кард. Ин равандро кишвардори Қазоқистон низ таъйид кард ва гуфт:Дар идома Расулзода таъкид кард, ки Қазоқистон солҳои тӯлонӣ дар гардиши савдои хориҷӣ яке аз мавқеъҳои калидиро ишғол мекунад ва вазифаи ба $2 млрд расондани ҳаҷми муомилоти молӣ комилан қобили иҷро аст. Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо як сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.Зимни сафар музокироти сатҳи олӣ дар доираи маҳдуд ва дар ҳайати васеъи ҳукуматии ду кишвар сурат гирифт. Як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ нигаронида шудаанд.
https://sputnik.tj/20240823/tojikiston-qazoqiston-muboriza-tahdid-taqviyat-1064038478.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/17/1064042026_88:0:1193:829_1920x0_80_0_0_f28bbee3c0da58d92c1d0c623c291882.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода тоҷикистон қазоқистон тоқаев
қоҳир расулзода тоҷикистон қазоқистон тоқаев
Сарвазири Тоҷикистон бо Тоқаев чиро баррасӣ кард
Дар рӯзи дуюми сафари давлатии президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти ӯ бо сарвазири Тоҷикистон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо раисҷумҳурии Қазоқистон, Қосим -Ҷомарт Тоқаев, ки бо сафари давлатӣ дар ҷумҳурӣ қарор дорад, мулоқот кард.
Бар хабари расонаҳои он кишвар, Тоқаев зимни мулоқот бо Расулзода барои мусоидат дар баргузории форуми тиҷоратӣ дар сатҳи баланд, ки дар он ба маблағи беш аз $1млрд қарордодҳо ба имзо расидаанд, изҳори сипос кард.
Расулзода низ изҳор дошт, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон шарики хеле муҳими тиҷоратӣ мебошад.
Сарвазири Тоҷикистон аз равобити фаъоли мутақобилан судманди кишварҳо дар солҳои ахир таъкид кард. Ин равандро кишвардори Қазоқистон низ таъйид кард ва гуфт:
"Мо дирӯз ба мувофиқа расидем, ки ҳаҷми муомилоти молро то $2 млрд хоҳем расонд".
Дар идома Расулзода таъкид кард, ки Қазоқистон солҳои тӯлонӣ дар гардиши савдои хориҷӣ яке аз мавқеъҳои калидиро ишғол мекунад ва вазифаи ба $2 млрд расондани ҳаҷми муомилоти молӣ комилан қобили иҷро аст.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо як сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.
Зимни сафар музокироти сатҳи олӣ дар доираи маҳдуд ва дар ҳайати васеъи ҳукуматии ду кишвар сурат гирифт. Як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ нигаронида шудаанд.