Нигаронии ВКД: Дар Душанбе ҳанӯз фолбинӣ ва ҷодугарӣ аз байн нарафтааст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГадание на картах Таро
Гадание на картах Таро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2024
Обуна шудан
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз рафтан ба назди фолбинону ҷодугарон худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. ВКД Тоҷикистон барои пурра аз байн бурдани фолбинию ҷодугарӣ фаъолияташонро пурзӯр намудаанд.
Дар ин бора Раёсати вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт давоми соли ҷорӣ 141-нафар фолбинону ҷодугарон муайян ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда шудаанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки мутаассифона, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳанӯз ин тоифаи муфтхурон аз байн нарафтаанд.
ВКД таъкид кардааст, ки акнун ҷазо нисбати фолбинону ҷодугарон вазнинтар карда шуд.
“Тибқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.06.2024 ворид гардид, барои машғул шудан ба фолбинӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад”, - хабар додааст Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе.
Гадание по руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2024
Ним сол меҳнати маҷбурӣ: Ҷазои нави фолбину ҷодугарҳо дар Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ ҳамзамон дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикисон низ иловаҳо ворид карда шуда, моддаи 240 илова 1 қабул карда шуд.
Зикр гардидааст, ки нисбати фолбиноне, ки баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ дар давоми сол такроран ба ин кирдор даст мезаданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.
“Тибқи талаботи моддаи мазкур дар чунин ҳолат нисбати фолбинон ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад”, - хабар додааст Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки аз рафтан ба назди фолбинону ҷодугарон худдорӣ намоянд ва бо мақсади решакан намудани ин омили номатлуб ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0