Қимат чанд аст? Нархи иҷораи хонаи якҳуҷрагӣ дар Душанбе ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Обуна шудан
Нархи иҷораи хонаи якҳуҷрагӣ дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст – ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон назар кунед
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷораи манзили якҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе яке аз арзонтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, дар пойтахти Тоҷикистон иҷораи як хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 40 метри мураббаъ, муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурӣ, тақрибан 280 доллар арзиш дорад.
Душанбе шомили даҳгонаи арзонтарин пойтахтҳои ҷаҳон барои иҷораи манзил шуд
Ягона ҷои арзонтар барои иҷораи чунин манзил шаҳри Ишқобод (пойтахти Туркманистон) мебошад. Дар ин шаҳр иҷора дар як моҳ тақрибан 200 долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, нархи баландтарин дар миёни пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек будааст. Дар ин шаҳри Қирғизистон барои иҷораи манзили якҳуҷрагӣ тақрибан 400 доллар лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0