Наҷоти ду кӯҳнаварди рус, ки дар кӯҳҳои Помир гум шуда буданд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПоследние метры к вершине пика Коммунизма
Последние метры к вершине пика Коммунизма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2024
Обуна шудан
Алоқа бо кӯҳнавардони рус чанд рӯз пеш ҳангоми фатҳи қуллаи Озодӣ, ки баландиаш 7105 метр аст, қатъ шуд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ду кӯҳнавард – шаҳрванди Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон наҷот ёфтанд.
Тибқи иттилои расмӣ, алоқа бо кӯҳнавардҳо ҳангоми фатҳи қуллаи Озодӣ қатъ шуда буд. Дар ин бора ба намояндагии дипломатӣ рӯзи 16 август иттилоъ додааст.
Барои наҷоти шаҳрвандони Русия шӯъбаи консулии Сафорат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатии ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст.

"Дар як амалиёти наҷотдиҳӣ шаҳрвандони Русия пайдо ва ба Душанбе оварда шуданд", - қайд кардааст намояндагии дипломатӣ.

Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир сайёҳон худро хуб ҳис мекунанд. Онҳо тасмим доранд, рӯзи чаҳоршанбеи 21 август ба Русия баргарданд.
Спасение альпиниста из Беларуси на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Наҷот додани кӯҳнавард аз Беларус дар Тоҷикистон: чӣ гуна амалиёт гузашт - видео
Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.
Қуллаи мазкур 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
Ин Қулла соли 1910 аз сӯйи ҷуғрофидони рус Николай Корженевский фатҳ ва кашф шудааст. Вай ба хотири завҷааш Евгения Корженевская қулларо “Корженевская” ном гузошта буд.
Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи 6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.
Лентаи хабарҳо
0