Душанбе мизбони нахустин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии миллӣ "Куштингирӣ" мешавад

© Sputnik Международный турнир по вольной народной борьбе - гуштингири в Таджикистане
Международный турнир по вольной народной борьбе - гуштингири в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2024
Обуна шудан
Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки миёни барандагон дар 9 категорияи вазнҳо тақсим хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи бошукуҳи байналмилалӣ мегардад.
Қарор аст, ки дар ин ҷо аввалин Чемпионати Ҷаҳон оид ба куштини миллӣ "Куштингирӣ" доир мегардад.
Бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин Чемпионати Ҷаҳон оид ба куштини миллӣ рӯзҳои 30-31-уми август баргузор мегардад.
Молодежная сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2024
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамонии CAFA- 2024-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
Бар асоси иттилои дастандарткорони чорабинӣ, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Тибқи оинномаи мусобиқа ҳоло рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо - 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон баргузор мегардад.
Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки миёни барандагон тақсим хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0