https://sputnik.tj/20240819/toqaev-safar-davlati-tojikiston-meoyad-1064000864.html
Тоқаев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
Тоқаев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Тоқаев ба Душанбе пурмуҳтаво буда, дар доираи он чорабиниҳои зиёди иқтисодиву фарҳангӣ доир мешавад
2024-08-19T11:55+0500
2024-08-19T11:55+0500
2024-08-19T12:53+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
сиёсат
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042282127_0:234:3077:1965_1920x0_80_0_0_8beebfc8faf484fd07181472714d6a03.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.Боздиди Қосимҷомарт Тоқаев аз Душанбе қарор аст, ки рӯзҳои 22-23 августи соли ҷорӣ сурат гирад.Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ташрифи кишвардори Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт.Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ доир мешавад.Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.Дар барномаи сафари президенти Қазоқистон ҳамзамон мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.ВКХ мегӯяд, дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд.Ҳамзамон қарор аст, ки маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе доир шавад.
https://sputnik.tj/20240720/tojikistonu-qazoqiston-imzo-kharita-roh-afzoishi-gardishi-mol-1063601774.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042282127_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_abd4f3e12bdb97d5a9ae1b258847ebbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, сиёсат , қосим -жомарт тоқаев
дар тоҷикистон, қазоқистон, сиёсат , қосим -жомарт тоқаев
Тоқаев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд
11:55 19.08.2024 (Навсозишуда: 12:53 19.08.2024) Тибқи гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Тоқаев ба Душанбе пурмуҳтаво буда, дар доираи он чорабиниҳои зиёди иқтисодиву фарҳангӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Боздиди Қосимҷомарт Тоқаев аз Душанбе қарор аст, ки рӯзҳои 22-23 августи соли ҷорӣ сурат гирад.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ташрифи кишвардори Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ доир мешавад.
"Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд",- афзудааст манбаъ.
Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Дар барномаи сафари президенти Қазоқистон ҳамзамон мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.
ВКХ мегӯяд, дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд.
Ҳамзамон қарор аст, ки маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе доир шавад.