https://sputnik.tj/20240819/rusiya-tarh-qonun-barrasi-muhojiron-ovardan-oila-man-1064000541.html
Дар Русия тарҳи қонуне баррасӣ мешавад, ки ба муҳоҷирон овардани оилаҳояшонро манъ мекунад
Дар Русия тарҳи қонуне баррасӣ мешавад, ки ба муҳоҷирон овардани оилаҳояшонро манъ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба бовари муаллифони ин тарҳ, омадани кӯдакон ва занони бекори муҳоҷирон ба Русия боиси вуруди беназорати муҳоҷират ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад
2024-08-19T10:54+0500
2024-08-19T10:54+0500
2024-08-19T12:52+0500
дар русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062418935_0:184:2986:1864_1920x0_80_0_0_1c77c9a47949ad80a071af0fe542659d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба Думаи давлатӣ имрӯз 19 август лоиҳаи қонуне имрӯз ироа мешавад, ки дар сурати қабули он, дигар муҳоҷирини кории бидуни шаҳрвандии Русия наметавонанд оилаҳои худро ба ин кишвар оранд. Дар ин бора РИА "Новости" дар такя ба асноде, ки дар ихтиёр дорад, хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ин тарҳи қонун аз ҷониби гуруҳи вакилон аз ҳизби ЛДПР таҳти раҳбарии Леонид Сулудский ироа мешавад.Пешниҳод шудааст, ки маҳдудият танҳо барои муҳоҷирони кории пасттахассус ҷорӣ карда шавад. Ба бовари муаллифони ин тарҳ, омадани кӯдакон ва занони бекори муҳоҷирон ба Русия боиси вуруди беназорати муҳоҷират ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад.Тавре муаллифони лоиҳаи қонун қайд мекунанд, сухан дар бораи мутахассисони пастихтисос меравад, ки танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё патент дар Русия мемонанд ва дигар асосҳои қонунии зиндагӣ дар ин кишвар надоранд, масалан, шаҳрвандии Русия. Гуфта мешавад, ки барои аъзоёни оилаҳои коргарони баландихтисоси хориҷӣ истисноҳо дода мешаванд.
https://sputnik.tj/20240818/rusiya-rusidoni-farzand-muhojir-qabul-maktab-imtihon-1063992093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062418935_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_6f3d25a4697d3e5935542491fd97c76d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷирон овардан оилаҳо манъ
русия муҳоҷирон овардан оилаҳо манъ
Дар Русия тарҳи қонуне баррасӣ мешавад, ки ба муҳоҷирон овардани оилаҳояшонро манъ мекунад
10:54 19.08.2024 (Навсозишуда: 12:52 19.08.2024) Ба бовари муаллифони ин тарҳ, омадани кӯдакон ва занони бекори муҳоҷирон ба Русия боиси вуруди беназорати муҳоҷират ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба Думаи давлатӣ имрӯз 19 август лоиҳаи қонуне имрӯз ироа мешавад, ки дар сурати қабули он, дигар муҳоҷирини кории бидуни шаҳрвандии Русия наметавонанд оилаҳои худро ба ин кишвар оранд.
Дар ин бора РИА "Новости" дар такя ба асноде, ки дар ихтиёр дорад, хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин тарҳи қонун аз ҷониби гуруҳи вакилон аз ҳизби ЛДПР таҳти раҳбарии Леонид Сулудский ироа мешавад.
Пешниҳод шудааст, ки маҳдудият танҳо барои муҳоҷирони кории пасттахассус ҷорӣ карда шавад.
“Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки ба қаламрави Русия ҳамчун узви оилаи шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Федератсияи Русия бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси асос шартномаи меҳнатӣ қарор доранд,, манъ карда шавад",- гуфта мешавад дар тавзеҳот.
Ба бовари муаллифони ин тарҳ, омадани кӯдакон ва занони бекори муҳоҷирон ба Русия боиси вуруди беназорати муҳоҷират ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад.
Тавре муаллифони лоиҳаи қонун қайд мекунанд, сухан дар бораи мутахассисони пастихтисос меравад, ки танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё патент дар Русия мемонанд ва дигар асосҳои қонунии зиндагӣ дар ин кишвар надоранд, масалан, шаҳрвандии Русия.
Гуфта мешавад, ки барои аъзоёни оилаҳои коргарони баландихтисоси хориҷӣ истисноҳо дода мешаванд.