Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Нишасти шашрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд: протоколи нав имзо шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ҚирғизистонФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2024
Обуна шудан
Намояндагони Душанбе ва Бишкек давоми шаш рӯз дар масъалаи муайян ва аломатгузорӣ кардани марзро баррасӣ карда, аз натиҷааш протоколе низ имзо кардаанд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти КДАМ Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи шаш рӯз дар шаҳри Бодканд баргузор шуд.
"Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд",- афзудааст манбаъ.
КДАМ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони ду ҷонибро нашр накардааст.
Танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қаблан Раҷаббой Аҳмадоза, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ мақомоти ду кишвари ҳамсоя 94% заминҳои баҳсбарангезро ба мувофиқа расонидаанд.
Ҷонибҳо дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Аҳмадзода аз эҳтимоли боз шудани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфт
Кумиссиюни ду кишвар аз мавзеъҳои баҳсбарангези Чоркуҳ ва Ворух дидан карда, ҳоло рӯи асноди аломатгузории марз кор мекунанд.
"Пас аз имзои онҳо сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз хоҳад шуд", - гуфт Аҳмадзода.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.
Лентаи хабарҳо
0