https://sputnik.tj/20240816/tamdidi-muhlati-taftishot-parvandai-hamlai-terroristi-krokus-1063975785.html
Тамдиди мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус
Тамдиди мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Басманний шаҳри Маскав мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус то 22 ноябри соли равон тамдид кард
2024-08-16T18:10+0500
2024-08-16T18:10+0500
2024-08-21T18:28+0500
дар тоҷикистон
русия
дар русия
крокус сити холл
ҳамлаи террористӣ
тамдид
парванда
суд
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/10/1063978772_0:235:2878:1854_1920x0_80_0_0_d7a4bce5b22ec158ee555f23dcd7b3d8.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” то 22 ноябр тамдид шуд, хабар медиҳад РИА “Новости”.Имрӯз Додгоҳи Басманий шаҳри Маскав мӯҳлати боздошти омилони ҳамлаи террористӣ дар “Коркус Сити Холл” Далерҷон Мирзоев*, Муродалӣ Рачабализода*, Муҳаммадсобир Файзов* ва Шамсидин Фаридуниро* низ то 22 ноябр тамдид кард.Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллРӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.*-ба феҳристи террористон ва экстремистҳои Росфинмониторинг ворид карда шудааст
https://sputnik.tj/20240812/tarh-krokus-vahdat-dushanbe-terrorizm-muboriza-1063909509.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/10/1063978772_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c23868bfa3ce6e44152d001b69654b86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маскав, додгоҳ, крокус сити холл, парванда, тамдид, тафтишот, муҳлат
русия, маскав, додгоҳ, крокус сити холл, парванда, тамдид, тафтишот, муҳлат
Тамдиди мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус
18:10 16.08.2024 (Навсозишуда: 18:28 21.08.2024) Додгоҳи Басманний шаҳри Маскав мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокусро то 22 ноябри соли равон тамдид кард
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” то 22 ноябр тамдид шуд, хабар медиҳад РИА “Новости”.
"Мӯҳлати тафтишоти парванда то 22 ноябр тамдид карда шуд", - гуфт судя Евгения Николаева.
Имрӯз Додгоҳи Басманий шаҳри Маскав мӯҳлати боздошти омилони ҳамлаи террористӣ дар “Коркус Сити Холл” Далерҷон Мирзоев*, Муродалӣ Рачабализода*, Муҳаммадсобир Файзов* ва Шамсидин Фаридуниро* низ то 22 ноябр тамдид кард.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
*-ба феҳристи террористон ва экстремистҳои Росфинмониторинг ворид карда шудааст