Аз "Барқи тоҷик” то вазоратҳову дастгоҳи президент: Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон провел кадровые перестановки
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон провел кадровые перестановки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар як қатор вазорату идораҳо ва дастгоҳи президенти кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Бо фармонҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Нуралӣ Асозода муовини якуми Вазири кишоварзӣ таъйин карда шуданд.
Бо амрҳои Президенти кишвар Маҳмуд Ҷумъазода мушовири калони бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Салим Салимзода сардори раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президент, Зулфия Давлатзода сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҳмуд Амирзода сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент, Сайазам Қодирзода сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президент, Хуршед Арабзода сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президент, Тоҷиддин Раҳимзода муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Фарҳод Собирзода директори корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардиданд.
Бо амрҳои Президент бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ Одинашоҳ Вализода аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи президент озод карда шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон произвел кадровые назначения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2024
Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод: Киҳо вазифаи нав гирифтанд
Ҳамзамон дар мувофиқа бо президенти кишвар ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъйин карда шуданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳо Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.
Лентаи хабарҳо
0