https://sputnik.tj/20240813/vazorati-difoi-rusiya-talafot-artishi-ukraina-viloyati-kursk-1063927978.html
Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина дар вилояти Курск маълумот дод
Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина дар вилояти Курск маълумот дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки дар набардҳо дар вилояти Курски русия артиши Украина 2030 нафар сарбозро аз даст додааст
2024-08-13T20:01+0500
2024-08-13T20:01+0500
2024-08-14T18:50+0500
дар русия
русия
амалиёти вижа
украина
талафот
нерӯҳои мусаллаҳ
ҷанг
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063642273_0:0:3108:1748_1920x0_80_0_0_8ddbf267eeb2814db21af710ac6973e2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ, ки мехостанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, дар вилояти Курск беш аз ду ҳазор нафар, 35 танк, 31 зиреҳпӯш ва 18 мошини ҷангии пиёдагардро аз даст доданд."Дар маҷмӯъ, зимни амалиёти низомӣ дар самти Курск душман то 2030 нафар низомӣ, 35 танк, 31 мошини зиреҳпӯш, 18 худрави ҷангии пиёданизом, 179 дигар намуди зиреҳпӯши ҷангӣ, 78 худрав, 4 падофанди ҳавоӣ, ду мушакандози чандгона ва 14 тӯпхонаи саҳроӣ", гуфта мешавад дар хабари вазорати дифоъ.Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, нерӯҳои украинӣ, ки шумораашон то ҳазор нафар аст, соати 5:30-и субҳи 6 август бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла гузаштанд ва пешравии онҳо боздошта шудааст.Валерий Герасимов таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва дастрасӣ ба марзи давлатӣ анҷом мешавад.Тавре вазорати дифои Русия рӯзи 12 август хабар дод, нирӯҳои Украина дар давоми тамоми набардҳо дар самти Курск беш аз 1,6 ҳазор нафар низомиён, 32 танк ва 23 мошини зиреҳпӯшро аз даст додаанд.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво андохтааст ва ба таври ногаҳонӣ, аз ҷумла ба сӯи ғайринизомиён тир холӣ мекунад. Путин гуфт, ки душман посухи арзанда хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки дар назди Русия истодаанд, амалӣ хоҳанд шуд.Дар Курск, инчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск барои таъмини амнияти мардуми ғайринизомӣ режими амалиёти зидди террористӣ ҷорӣ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20240807/zarbahoi-artishi-rusiya-neruhoi-ukraini-kursk-hamla-video-1063844249.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063642273_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_56db2d9fc4cfb545e58cd14292bb38d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вазорати дифоъ, набард, талафот, артиши укриана, сарбоз, курск
русия, вазорати дифоъ, набард, талафот, артиши укриана, сарбоз, курск
Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина дар вилояти Курск маълумот дод
20:01 13.08.2024 (Навсозишуда: 18:50 14.08.2024) Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки дар набардҳо дар вилояти Курски Русия артиши Украина 2030 нафар сарбозро аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ, ки мехостанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, дар вилояти Курск беш аз ду ҳазор нафар, 35 танк, 31 зиреҳпӯш ва 18 мошини ҷангии пиёдагардро аз даст доданд.
"Дар маҷмӯъ, зимни амалиёти низомӣ дар самти Курск душман то 2030 нафар низомӣ, 35 танк, 31 мошини зиреҳпӯш, 18 худрави ҷангии пиёданизом, 179 дигар намуди зиреҳпӯши ҷангӣ, 78 худрав, 4 падофанди ҳавоӣ, ду мушакандози чандгона ва 14 тӯпхонаи саҳроӣ", гуфта мешавад дар хабари вазорати дифоъ.
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, нерӯҳои украинӣ, ки шумораашон то ҳазор нафар аст, соати 5:30-и субҳи 6 август бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла гузаштанд ва пешравии онҳо боздошта шудааст.
Валерий Герасимов таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва дастрасӣ ба марзи давлатӣ анҷом мешавад.
Тавре вазорати дифои Русия рӯзи 12 август хабар дод, нирӯҳои Украина дар давоми тамоми набардҳо дар самти Курск беш аз 1,6 ҳазор нафар низомиён, 32 танк ва 23 мошини зиреҳпӯшро аз даст додаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво андохтааст ва ба таври ногаҳонӣ, аз ҷумла ба сӯи ғайринизомиён тир холӣ мекунад. Путин гуфт, ки душман посухи арзанда хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки дар назди Русия истодаанд, амалӣ хоҳанд шуд.
Дар Курск, инчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск барои таъмини амнияти мардуми ғайринизомӣ режими амалиёти зидди террористӣ ҷорӣ карда шудааст.