https://sputnik.tj/20240813/rahmon-prezidenti-vetnam-to-lamro-tabrik-kard-1063916058.html
Раҳмон президенти Ветнам То Ламро табрик кард
Раҳмон президенти Ветнам То Ламро табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
2024-08-13T11:50+0500
2024-08-13T11:50+0500
2024-08-13T11:55+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
номаи табрикотӣ
ветнам
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/04/1063421154_145:353:3074:2000_1920x0_80_0_0_07a3481ce2b4fb70a60a5dc3db29c1db.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президент.“Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаҳои масъули Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ветнам ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам сидқан табрик намоям”, - таъкид кард манбаъ.Раҳмон ба раисҷумҳури Ветнам дар фаъолияти ҳизбӣ ва давлатдориаш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Ветнам сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст.“Тоҷикистон ва Ветнам аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бархурдоранд. Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва ба дурнамои онҳо диди нек дорем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.Раисҷумҳур изҳори умедворӣ кардааст, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории байнидавлатии ду кишвар минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гашт.Эмомалӣ Раҳмон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои пешбурди ин раванд, аз ҷумла муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд фаъолият хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240812/rahmon-prezident-braziliya-noma-tasliyat-irsol-1063898463.html
ветнам
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/04/1063421154_246:0:2975:2047_1920x0_80_0_0_de2e152f122aaa81d5c57c83b18e8225.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, вйетнам, табрикот, нома, ирсол, президент
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, вйетнам, табрикот, нома, ирсол, президент
Раҳмон президенти Ветнам То Ламро табрик кард
11:50 13.08.2024 (Навсозишуда: 11:55 13.08.2024) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президент.
“Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаҳои масъули Дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ветнам ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам сидқан табрик намоям”, - таъкид кард манбаъ.
Раҳмон ба раисҷумҳури Ветнам дар фаъолияти ҳизбӣ ва давлатдориаш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Ветнам сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст.
“Тоҷикистон ва Ветнам аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд бархурдоранд. Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва ба дурнамои онҳо диди нек дорем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур изҳори умедворӣ кардааст, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории байнидавлатии ду кишвар минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гашт.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои пешбурди ин раванд, аз ҷумла муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд фаъолият хоҳад кард.