https://sputnik.tj/20240812/tijorati-khoriji-sugd-sodirot-kamu-voridot-beshtar-1063891984.html
Тиҷорати хориҷии Суғд ба 1,5 млрд доллар расид: содирот каму воридот бештар
Тиҷорати хориҷии Суғд ба 1,5 млрд доллар расид: содирот каму воридот бештар
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои ҳукумати Суғд гардиши мол миёни вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ то давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1 млрд 476 млн доллар баробар шудааст
2024-08-12T09:39+0500
2024-08-12T09:39+0500
2024-08-12T11:24+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
гардиши мол
содирот
воридот
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_213:0:1400:667_1920x0_80_0_0_b4eac38f1e0ec6956b6d9b5987006572.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дар Раёсати минтақавии гумрук ироа намуданд, ҳаҷми тиҷорати хориҷии вилояти Суғд ба 1 млр 476 млн доллар расидааст.Сардори Раёсати минтиақавии гумрук дар вилояти Суғд, Зафар Маҳмадиев дар нишасти матбуотӣ ҳиссаи содирот ва воридоти молро шарҳ дод.“Аз ҳаҷми умумии гардиши мол беш аз 1 млрд 56 млн доллар ҳиссаи воридот буда 420 млн доллар саҳми содирот рост меояд” – гуфт, сардори идораи гумрук.Бино ба иттилоъи манбаъ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти мол 14% ё 129, 3 млн доллар афзуда, вале ҳиссаи содироти мол 1% ва ба андозаи 4, 5 млн доллар коҳиш ёфтааст.Тибқи омори идораи гумрук дар ин давра асосан зиёдшавии воридоти чунин намуди молҳо ба қайд гирифта шудааст:Равғани растанӣ 3,3 млн доллар зиёд шудааст.Давоми шаш моҳи соли 2024 содироти ин намуд мол камтар сурат гирифтааст:Дар умум гардиши мол миёни вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ то давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1 млрд 476 млн доллар баробар шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9% ё 125 млн зиёд гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20240408/vazir-iqtisod-daromadi-tojikiston-1062379826.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_265:0:1374:832_1920x0_80_0_0_7f2628389bc30f17ba9f67963ecaa14e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, содирот, воридот, гардиши мол, тиҷорат
тоҷикистон, суғд, содирот, воридот, гардиши мол, тиҷорат
Тиҷорати хориҷии Суғд ба 1,5 млрд доллар расид: содирот каму воридот бештар
09:39 12.08.2024 (Навсозишуда: 11:24 12.08.2024) Ба иттилои ҳукумати Суғд гардиши мол миёни вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ то давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1 млрд 476 млн доллар баробар шудааст
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дар Раёсати минтақавии гумрук ироа намуданд, ҳаҷми тиҷорати хориҷии вилояти Суғд ба 1 млр 476 млн доллар расидааст.
Сардори Раёсати минтиақавии гумрук дар вилояти Суғд, Зафар Маҳмадиев дар нишасти матбуотӣ ҳиссаи содирот ва воридоти молро шарҳ дод.
“Аз ҳаҷми умумии гардиши мол беш аз 1 млрд 56 млн доллар ҳиссаи воридот буда 420 млн доллар саҳми содирот рост меояд” – гуфт, сардори идораи гумрук.
Бино ба иттилоъи манбаъ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти мол 14% ё 129, 3 млн доллар афзуда, вале ҳиссаи содироти мол 1% ва ба андозаи 4, 5 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Тибқи омори идораи гумрук дар ин давра асосан зиёдшавии воридоти чунин намуди молҳо ба қайд гирифта шудааст:
Гази моеъ 23, 5 млн доллар
Чӯбу тахта 5, 6 млн доллар
Равғани растанӣ 3,3 млн доллар зиёд шудааст.
Давоми шаш моҳи соли 2024 содироти ин намуд мол камтар сурат гирифтааст:
Маъдан ва консентрат 69 млн
Нахи пахта 7, 3 млн доллар
Пиёз ба маблағи 3, 8 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Дар умум гардиши мол миёни вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ то давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 1 млрд 476 млн доллар баробар шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9% ё 125 млн зиёд гуфта мешавад.