Саркӯби душман аз қаламрави Русия вазифаи асосист - Путин

© Sputnik / Гавриил Григоров / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Российской Федерации Владимир Путин
Президент Российской Федерации Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Обуна шудан
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия қаблан таъкид карда буд, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва расидан ба марзи давлатӣ анҷом мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Владимир Путин аз хоки Русия рондани душманро вазифаи асоси нерӯҳои мусаллаҳ хондааст.
Ӯ дар ин бора зимни як ҷаласаи фаврӣ таъкид кардаас, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Вазифаи асосӣ, албатта, дар назди Вазорати дифоъ аст: пахш кардан, берун кардани душман аз қаламравҳоямон ва дар якҷоягӣ бо хадамоти сарҳадӣ боэътимод мустаҳкам кардани сарҳадоти давлатӣ", - гуфт Путин.
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов рӯзи чаҳоршанбеи гузашта гуфт, ки рӯзи 6 август соати 5:30 воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки шумори онҳо то ҳазор нафарро ташкил медиҳад, бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск даста ба ҳамла заданд.
Пешравии онҳо ба умқи Русия қатъ шудааст, қайд кард ӯ.
Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия таъкид кард, ки амалиёт дар минтақаи Курск то бо шикасти душман ва расидан ба марзи давлатӣ анҷом мешавад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар шарҳи вазъ дар вилояти Курск изҳор дошт, ки режими Киев боз як иғвои густурдаеро анҷом дода, бепарвоёна, аз ҷумла ба сӯи ҳадафҳои ғайринизомӣ тир холӣ мекунад.
Международный военно-технический форум Армия-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Алихонов гуфт, ки амалиёти вижа чашми тамоми ҷаҳонро ба аслиҳаи Русия ҷазб кард
Намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко хабар дод, ки пас аз ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба минтақаи марзӣ дар вилояти Курск парвандаҳо, аз ҷумла, дар бораи ҳамлаи террористӣ ва куштор боз шудааст.
Муфаттишони Русия ҳуввияти низомиёни украиниро, ки фармони зарба ба аҳдофи ғайринизомӣ дар минтақа додаанд ва иҷро кардаанд, таҳқиқ мекунанд.
Дар Курск, инчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск, режими зиддитеррористӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва рафъи таҳдидҳои ҳамлаҳои террористии нерӯҳои тахрибкори Киев авал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0