Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Стратегияи артиши Украина барои ҳамла ба Курскро НАТО омода кардааст - коршиноси низомӣ

© AP / Bernat ArmangueУкраинские военнослужащие. Архивное фото
Украинские военнослужащие. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2024
Обуна шудан
Паймони Атлантикаи шимолӣ ё НАТО стратегияи Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи Курски Русия таҳия кардааст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар ин бора ёвари собиқи вазири дифоъ Стивен Брайан дар мақолаи барои Weapons and Strategy навиштааст, хабар медиҳад РИА “Новости”.
" Стратегия ва тактикае, ки украинҳо дар вилояти Курск нишон доданд, аз ҷониби НАТО таҳия шудааст”, - мегӯяд Брайан.
Ба гуфтаи вай, нерӯҳои мусаллаҳи Украина нақшаеро месанҷанд, ки паймон метавонад дар сурати сар задани амалиёти ҷангӣ дар Аврупо истифода кунад
Субҳи рӯзи 6 август воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош карданд, як бахше аз қаламрави ноҳияи Суджаи вилояти Курскро ишғол кунанд.
Секретарь Совета безопасности РФ Сергей Шойгу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: Артиши Русия бомуваффақият аҳдофи худро дар амалиёти вижа анҷом медиҳад
Тавре сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба раисиҷумҳур хабар дод, низомиёни Русия пешравии онҳоро қатъ карданд.
Рӯзи 10 август Кумитаи миллии зиддитеррористӣ эълом кард, ки дар вилоятҳои Белгород, Курск ва Брянск низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шудааст.
Бар асоси гузоришҳо, шоми 10 август артиши Русия дар чанд минтақаи чанд рӯз пеш гирифта низомиёни украиниро ақиб рондаанд.
Лентаи хабарҳо
0