Андоз ва гумрук: Мақомот гуфт буҷаи кишвар аз куҷо даромад мегирад

© unsplash/Towfiqu barbhuiyaРуки, складывающие столбик из монет
Руки, складывающие столбик из монет   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2024
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран ду манбаи муҳимеро номбар кард, ки аз онҳо ба буҷаи кишвар маблағи бештар ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати молия бо назардошти тамоюли мусбии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар сатҳи 107,9% иҷро гардида, ба буҷаи кишвар 21,2 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид.
Ба иттилои манбаъ , иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,9% таъмин гардида, ба буҷет 9,8 млрд сомонӣ ворид карда шуд.
“Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 546,4 млн сомонӣ зиёд мебошад”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамзамон ба иттилои вазорат дар давраи ҳисоботӣ воридоти маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук дар сатҳи 106,5 фоизи нақша таъмин карда шуда, ба буҷет 4,6 млрд сомонӣ ворид гардид.
Барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 280,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Президент аз "обулой"-и пулҳои буҷа гуфту вазъро ташвишовар хонд
Инчунин дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки дар қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ба инобат гирифта мешавад, дар нимсолаи якум 3,4 млрд сомонӣ аз худ карда шуд.
Аз маблағи зикршуда 2,3 млрд сомонӣ маблағҳои грантӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маблағҳои қарзӣ мебошад.
Илова бар ин аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 1,5 млрд сомонӣ ворид гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли равон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 107% таъмин гардида, ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо 5,0 млрд сомониро ташкил дод. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 308 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0