https://sputnik.tj/20240810/afzoish-qarz-andoz-tojikiston-andozgurezon-peshsaf-kihoyand-1063886058.html
Афзоиши қарзи андоз дар Тоҷикистон: андозгурезони пешсаф киҳоянд?
Афзоиши қарзи андоз дар Тоҷикистон: андозгурезони пешсаф киҳоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андоз мегӯяд, аз нисф зиёди бақияи қарзи андоз ба корхонаҳе рост меояд, ки чун анъана нақшаҳои партохтиро иҷро карда наметавонанд
2024-08-10T19:01+0500
2024-08-10T19:01+0500
2024-08-12T12:15+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
нусратулло давлатзода
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102471/98/1024719881_0:147:2819:1733_1920x0_80_0_0_cf17738ea29dc61b7868d8b8eb80b262.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта қақияи қарзи андозҳо боз 392,5 млн сомонӣ зиёд шудааст.Дар ин бора раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошта, онро нигаронкунанда хонд.Ба гуфтаи вай, дар маҷмуъ ҳамакнун бақияи қарзи андоз дар кишвар ба 1,1 мдрд сомонӣ баробар шудааст.Дар ин самт ба гуфтаи раиси кумита, ҳиссаи зиёд ба корхонаҳои калонтарин чун анъана рост меояд.Ӯ афзуд, ҶСК "НБО Сангтӯда-1" –бо 220 млн сомонӣ қарзи андоз дар садри ҷадвал буда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо 189 млн ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 96 млн сомонӣ мегиранд.Ширкати "ТАЛКО Ресурс" –бошад, 78 млн сомонӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ" – 76 млн сомонӣ, кони ангишти "Зидди" – 22 млн сомонӣ ва ҶСК "Алюминсохтмон" – 20 млн сомонӣ қарздоранд, ки аз калонтаринҳоянд.Давлатзода мегӯяд, яке аз сабабҳои дар ин давра афзоиш ёфтани маблағи бақияи қарзи андозҳо асосан ҳисоб шудани фоизҳо барои риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, инчунин сол аз сол зиёд гардидани қарзи андозҳои корхонаҳо мебошад.Вай афзуд барои рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба андозсупорандагони қарздор 8,9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ қабул гардид.Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2023 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷет 720 млн сомонӣ ворид гардид, афзуд раиси ин ниҳод.
https://sputnik.tj/20240809/tasiri-yak-korkhona-du-shahru-nohiyai-sughd-naqshai-andozro-ijro-karda-natavonistand-1063860690.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102471/98/1024719881_157:0:2662:1879_1920x0_80_0_0_96f1c7e2f4e68155eed8e287b458f69b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш қарз андоз тоҷикистон андозгурезон пешсаф
афзоиш қарз андоз тоҷикистон андозгурезон пешсаф
Афзоиши қарзи андоз дар Тоҷикистон: андозгурезони пешсаф киҳоянд?
19:01 10.08.2024 (Навсозишуда: 12:15 12.08.2024) Кумитаи андоз мегӯяд, аз нисф зиёди бақияи қарзи андоз ба корхонаҳе рост меояд, ки чун анъана нақшаҳои партохтиро иҷро карда наметавонанд
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта қақияи қарзи андозҳо боз 392,5 млн сомонӣ зиёд шудааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошта, онро нигаронкунанда хонд.
Ба гуфтаи вай, дар маҷмуъ ҳамакнун бақияи қарзи андоз дар кишвар ба 1,1 мдрд сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин самт ба гуфтаи раиси кумита, ҳиссаи зиёд ба корхонаҳои калонтарин чун анъана рост меояд.
Ӯ афзуд, ҶСК "НБО Сангтӯда-1" –бо 220 млн сомонӣ қарзи андоз дар садри ҷадвал буда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо 189 млн ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 96 млн сомонӣ мегиранд.
Ширкати "ТАЛКО Ресурс" –бошад, 78 млн сомонӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ" – 76 млн сомонӣ, кони ангишти "Зидди" – 22 млн сомонӣ ва ҶСК "Алюминсохтмон" – 20 млн сомонӣ қарздоранд, ки аз калонтаринҳоянд.
Давлатзода мегӯяд, яке аз сабабҳои дар ин давра афзоиш ёфтани маблағи бақияи қарзи андозҳо асосан ҳисоб шудани фоизҳо барои риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, инчунин сол аз сол зиёд гардидани қарзи андозҳои корхонаҳо мебошад.
Вай афзуд барои рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба андозсупорандагони қарздор 8,9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ қабул гардид.
Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2023 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷет 720 млн сомонӣ ворид гардид, афзуд раиси ин ниҳод.