https://sputnik.tj/20240809/iiao-idm-naqshai-mushtarak-rushdi-dolonhoi-naqliyoti-tahiya-1063875514.html
То соли 2030 ИИАО ва ИДМ нақшаи муштараки рушди долонҳои нақлиётиро таҳия мекунанд
То соли 2030 ИИАО ва ИДМ нақшаи муштараки рушди долонҳои нақлиётиро таҳия мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё нақша доранд, ки нақшаи муштараки рушди долонҳои нақлиётиро то соли 2030 омода намоянд
2024-08-09T18:41+0500
2024-08-09T18:41+0500
2024-08-09T18:41+0500
ииао
идм
нақлиёт
нақша
таҳия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643505_0:173:3067:1898_1920x0_80_0_0_93d13ed86394aacdc8aabae40f65e81d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти узви ҳайати мушовараи (вазири) энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо раиси Кумитаи иҷроияи ҳамоҳангсозии нақлиётии ИДМ Геннадий Бессонов мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар доираи ИИАО ва ИДМ қайд намуда, нияти худро барои густариши ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии рушди долонҳои нақлиётии АвруОсиё ва долонҳои нақлиётии байналмилалие, ки аз қаламравҳои ИИАО ва ИДМ мегузаранд, изҳор доштанд.Манбаъ хабар дод, ки тарафҳо дар бораи зарурати таҳияи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар асоси меморандумҳои мавҷудаи байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба тавофуқ расиданд.Арзибек Кожошев пешниҳод кардааст, ки то соли 2030 чунин санад омода карда шавад.Қаблан чунин ташаббуси Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёти кишварҳои узви ИИАО дастгирӣ шуда буд.Дар ҷамъбасти мулоқот қарор қабул шуд, ки протоколи ният дар бораи омода намудани нақшаи чорабиниҳои муштарак роҷеъ ба рушди долонҳои нақлиётӣ то соли 2030 ба имзо расад.
https://sputnik.tj/20240808/korshinos-vurudi-tojikiston-iiao-muhojiron-1063862087.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063643505_131:0:2860:2047_1920x0_80_0_0_82d9f93a905c5ce71bdf0e4b6e6ec897.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, идм, нақлиёт, долонҳои нақлиётӣ, таҳия, муштарак
ииао, идм, нақлиёт, долонҳои нақлиётӣ, таҳия, муштарак
То соли 2030 ИИАО ва ИДМ нақшаи муштараки рушди долонҳои нақлиётиро таҳия мекунанд
Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё нақша доранд, ки нақшаи муштараки рушди долонҳои нақлиётиро то соли 2030 омода намоянд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти узви ҳайати мушовараи (вазири) энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо раиси Кумитаи иҷроияи ҳамоҳангсозии нақлиётии ИДМ Геннадий Бессонов мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар доираи ИИАО ва ИДМ қайд намуда, нияти худро барои густариши ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии рушди долонҳои нақлиётии АвруОсиё ва долонҳои нақлиётии байналмилалие, ки аз қаламравҳои ИИАО ва ИДМ мегузаранд, изҳор доштанд.
Манбаъ хабар дод, ки тарафҳо дар бораи зарурати таҳияи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар асоси меморандумҳои мавҷудаи байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба тавофуқ расиданд.
Арзибек Кожошев пешниҳод кардааст, ки то соли 2030 чунин санад омода карда шавад.
Қаблан чунин ташаббуси Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёти кишварҳои узви ИИАО дастгирӣ шуда буд.
Дар ҷамъбасти мулоқот қарор қабул шуд, ки протоколи ният дар бораи омода намудани нақшаи чорабиниҳои муштарак роҷеъ ба рушди долонҳои нақлиётӣ то соли 2030 ба имзо расад.