https://sputnik.tj/20240809/bakhshi-andoz--bujai-tojikiston-puli-beshar-1063867473.html
Бахши андози ба буҷаи Тоҷикистон пули бештар додааст
Бахши андози ба буҷаи Тоҷикистон пули бештар додааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки пардохти андозҳо ба буҷаи кишвар нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619,8 млн сомонӣ зиёд мебошад
2024-08-09T12:59+0500
2024-08-09T12:59+0500
2024-08-09T19:25+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
андоз
воридот
зиёд шуд
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_374:0:1470:617_1920x0_80_0_0_8835c4adae6e14083a4ceb834bf6f409.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дохилӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 9,8 млрд ворид шуд, ки 106,7% фоизи иҷрои нақшаи тасдиқшударо ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод.Бо назардошти ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 73,5 млн сомонӣ вобаста ба барзиёд иҷро шудани он дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 105,9 фоиз таъмин гардида.Қайд карда шудааст, ки ба буҷет нисбат ба нақшаи муқарраршуда 546 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шуд.Ҳамчунин дар ин давра иҷрои нақшаи аниқшудаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин шуд.Нусратулло Давлатзода афзуд, ки иҷрои сифатии қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди онпурра таъмин гардид.Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар маҷмуъ 1,1мдрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 392,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.Яке аз сабабҳои дар ин давра афзоиш ёфтани маблағи бақияи қарзи андозҳо асосан ҳисоб шудани фоизҳо барои риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, инчунин сол аз сол зиёд гардидани қарзи андозҳои корхонаҳои давлатӣ, хоҷагиҳои кишоварзии тухмипарварӣ ва дигар корхонаҳо мебошад.Қайд карда шудааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 8,9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2023 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷет 720 млн сомонӣ ворид гардид.
https://sputnik.tj/20240408/vazir-iqtisod-daromadi-tojikiston-1062379826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_501:0:1456:716_1920x0_80_0_0_f23890a2db6a1702e1b67114371ddd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, буҷа, андоз, афзоиш, ворид, иқтисод
тоҷикистон, буҷа, андоз, афзоиш, ворид, иқтисод
Бахши андози ба буҷаи Тоҷикистон пули бештар додааст
12:59 09.08.2024 (Навсозишуда: 19:25 09.08.2024) Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки пардохти андозҳо ба буҷаи кишвар нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619,8 млн сомонӣ зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дохилӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 9,8 млрд ворид шуд, ки 106,7% фоизи иҷрои нақшаи тасдиқшударо ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод.
Бо назардошти ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 73,5 млн сомонӣ вобаста ба барзиёд иҷро шудани он дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 105,9 фоиз таъмин гардида.
Қайд карда шудааст, ки ба буҷет нисбат ба нақшаи муқарраршуда 546 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шуд.
Ҳамчунин дар ин давра иҷрои нақшаи аниқшудаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин шуд.
“ Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,8 фоиз, вилояти Хатлон –100,8 фоиз, вилояти Суғд – 103,6 фоиз, шаҳри Душанбе – 110,9 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ ба 106,7 фоиз расид”, - қайд кард ӯ.
Нусратулло Давлатзода афзуд, ки иҷрои сифатии қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди онпурра таъмин гардид.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар маҷмуъ 1,1мдрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 392,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Яке аз сабабҳои дар ин давра афзоиш ёфтани маблағи бақияи қарзи андозҳо асосан ҳисоб шудани фоизҳо барои риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, инчунин сол аз сол зиёд гардидани қарзи андозҳои корхонаҳои давлатӣ, хоҷагиҳои кишоварзии тухмипарварӣ ва дигар корхонаҳо мебошад.
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 8,9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2023 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷет 720 млн сомонӣ ворид гардид.