https://sputnik.tj/20240808/maqomot-voridot-moshinhoi-barqi-afzoish-1063839746.html
Мақомот гуфт дар 2,5 сол воридоти мошинҳои барқӣ чӣ қадар афзоиш ёфт
Мақомот гуфт дар 2,5 сол воридоти мошинҳои барқӣ чӣ қадар афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон воридоти худравҳои барқӣ ё электромобил ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад
2024-08-08T09:36+0500
2024-08-08T09:36+0500
2024-08-08T09:36+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
барқӣ
худрав
воридот
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/07/1063842929_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2a0e097b2e3c456271cd948c793d23b9.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ба иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи соли равон ба кишвар 5266 адад худравҳои барқӣ ворид шудааст.Ба иттилои масъулони ин ниҳод воридоти худравҳои барқӣ ё электромобил дар соли 2022 ҳамагӣ 770 адад ташкил медод, вале дар солҳои баъди ин раванд рӯ ба афзоиш овард.“Барои мисол дар соли 2023 аллакай ба ҷумҳурӣ 3316 адад ворид шуд. Дар шаш моҳи соли 2024 аллакай 5266 адад ворид шуд, ки ин 25,7% ҳаҷми умумии воридоти воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад”, - таъкид кард масъули хадамоти гумрук зимни нишасти матбуотӣ.Ҳамзамон ба иттилои Хадамот дар маҷмӯъ дар шаш моҳ ба Тоҷикистон 19 742 адад худрав ворид шудааст, ки аз он 5266 ададаш мошинҳои барқӣ мебошанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шералӣ Кабир Вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон бояд ба таври аҳсан аз захоири табии хеш истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки оби пок ва потенсиали азими энержӣ дорад, қатъан бояд ба самти истифода ва тавлиди худравҳои барқӣ биравад.“Ҳол мебинед, ки теъдоди худравҳои барқӣ дар кишвар, қабл аз ҳама шаҳри Душанбе меафзояд ва аз имконоту роҳатии он хабар доред. Масалан, чаҳор то панҷ баробар коромадтару камхарҷтар аст аз нигоҳи молиявӣ ва созгор аст бо муҳит зист”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.Вай афзуд, Тоҷикистон худ тасмим дорад, ки тавлиди худравҳои барқиро дар қаламрави кишвар ба роҳ монад.“Мо дар ҳоли тавсеаи се проект бо кишвари Чин ҳастем. Албатта, интиқоли фановарӣ аз Чин интизор намеравад. Барои фаҳмидани шумо мисоли Ӯзбекистонро бароятон мезанам. Як проект бо ширкати чинии BYD дар ҳол ҳозир дар он кишвар иҷро мешавад. Аммо онҳо сари тавлиди худравҳои ҳибридӣ ҳамкорӣ доранд ва фановариҳои тавлиди худравҳои барқӣ ҳанӯз мунтақил нашудааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо се ширкати чинӣ вориди музокира шуда, дар ин амр пешравиҳое ҳам доштааст.
https://sputnik.tj/20240802/ziyonu-istehsoli-khudravhoi-barqi--sharhi-vazir-1063767039.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/07/1063842929_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0015179af11c7124f53fe4e1788741a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, нақлиёти барқӣ, мошин, электромобил, афзоиш, гумрук
тоҷикистон, нақлиёт, нақлиёти барқӣ, мошин, электромобил, афзоиш, гумрук
Мақомот гуфт дар 2,5 сол воридоти мошинҳои барқӣ чӣ қадар афзоиш ёфт
Ба иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон воридоти худравҳои барқӣ ё электромобил ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ба иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи соли равон ба кишвар 5266 адад худравҳои барқӣ ворид шудааст.
Ба иттилои масъулони ин ниҳод воридоти худравҳои барқӣ ё электромобил дар соли 2022 ҳамагӣ 770 адад ташкил медод, вале дар солҳои баъди ин раванд рӯ ба афзоиш овард.
“Барои мисол дар соли 2023 аллакай ба ҷумҳурӣ 3316 адад ворид шуд. Дар шаш моҳи соли 2024 аллакай 5266 адад ворид шуд, ки ин 25,7% ҳаҷми умумии воридоти воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад”, - таъкид кард масъули хадамоти гумрук зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон ба иттилои Хадамот дар маҷмӯъ дар шаш моҳ ба Тоҷикистон 19 742 адад худрав ворид шудааст, ки аз он 5266 ададаш мошинҳои барқӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шералӣ Кабир Вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон бояд ба таври аҳсан аз захоири табии хеш истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки оби пок ва потенсиали азими энержӣ дорад, қатъан бояд ба самти истифода ва тавлиди худравҳои барқӣ биравад.
“Ҳол мебинед, ки теъдоди худравҳои барқӣ дар кишвар, қабл аз ҳама шаҳри Душанбе меафзояд ва аз имконоту роҳатии он хабар доред. Масалан, чаҳор то панҷ баробар коромадтару камхарҷтар аст аз нигоҳи молиявӣ ва созгор аст бо муҳит зист”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Вай афзуд, Тоҷикистон худ тасмим дорад, ки тавлиди худравҳои барқиро дар қаламрави кишвар ба роҳ монад.
“Мо дар ҳоли тавсеаи се проект бо кишвари Чин ҳастем. Албатта, интиқоли фановарӣ аз Чин интизор намеравад. Барои фаҳмидани шумо мисоли Ӯзбекистонро бароятон мезанам. Як проект бо ширкати чинии BYD дар ҳол ҳозир дар он кишвар иҷро мешавад. Аммо онҳо сари тавлиди худравҳои ҳибридӣ ҳамкорӣ доранд ва фановариҳои тавлиди худравҳои барқӣ ҳанӯз мунтақил нашудааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо се ширкати чинӣ вориди музокира шуда, дар ин амр пешравиҳое ҳам доштааст.