https://sputnik.tj/20240807/voridot-ziyod-barobar-ziyod-sodirot-sharhi-vazorat-1063828592.html
Воридот зиёда аз ду баробар бештар аз содирот: Шарҳи вазорат
Воридот зиёда аз ду баробар бештар аз содирот: Шарҳи вазорат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки содирот нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта 47% ва воридот бошад 24,8% афзоиш ёфтааст
2024-08-07T09:31+0500
2024-08-07T09:31+0500
2024-08-07T09:31+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
воридот
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/05/1063806935_0:213:3176:2000_1920x0_80_0_0_7e5affd73725b7a5c2d4f1a740f4ac8c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоиши содирот ва воридоти мол ба ҷумҳурӣ хабар дод.Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин давра содироти мол 1 млрд. долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 47 фоиз ё 319,2 млн. доллар афзоиш ёфтааст.Вазир қайд кард, ки сохтори содиротро асосан металлҳои қиматбаҳо (30,1%), нахи пахта ва маҳсулот аз он (12%), маъданҳо (16,7%), дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) (8,8%), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (9,7%), дигар маҳсулоти кимиёвӣ (2,8%), либосҳои гуногун ва бофташуда (2,6%), маҳсулоти кишоварзӣ (2,4%), мис ва маҳсулот аз он (2,5%), неруи барқ (3,5%), семент (1,2%) ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷ дар ҳаҷми 3,4 млрд. доллар мол ворид кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 24,8% ё 680,1 млн. доллар зиёд гардидааст.Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард 10,3% ва барои истеъмол 7,4%, маҳсулоти нафтӣ 12,1%, воситаҳои нақлиёти заминӣ 9,4%, таҷҳизоти технологӣ 7,8%, металлҳои сиёҳ 6,2%, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,3%, гази моеъ 3,9%, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 3,3%, маҳсулоти полимерӣ 2,5%, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ (гилхок 1,3%) 2,1%, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2%, нуриҳо 1,2%, маҳсулоти фармасевтӣ 0,9% ва ғайраҳо ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдо 29492,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 86,3%-ро савдои чакана ва таъмири воситаҳои нақлиёт ташкил намудааст.
https://sputnik.tj/20240712/voridot-beshtar-az-sodirot-sugd-khorij-savdo-1063499826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/05/1063806935_329:0:3060:2048_1920x0_80_0_0_f21682524e0d97e1b34c63aed5d2a177.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, содирот, воридот, афзоиш, иқтисод, вазорати рушди иқтисод
тоҷикистон, содирот, воридот, афзоиш, иқтисод, вазорати рушди иқтисод
Воридот зиёда аз ду баробар бештар аз содирот: Шарҳи вазорат
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки содирот нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта 47% ва воридот бошад 24,8% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоиши содирот ва воридоти мол ба ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра содироти мол 1 млрд. долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 47 фоиз ё 319,2 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Вазир қайд кард, ки сохтори содиротро асосан металлҳои қиматбаҳо (30,1%), нахи пахта ва маҳсулот аз он (12%), маъданҳо (16,7%), дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) (8,8%), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (9,7%), дигар маҳсулоти кимиёвӣ (2,8%), либосҳои гуногун ва бофташуда (2,6%), маҳсулоти кишоварзӣ (2,4%), мис ва маҳсулот аз он (2,5%), неруи барқ (3,5%), семент (1,2%) ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷ дар ҳаҷми 3,4 млрд. доллар мол ворид кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 24,8% ё 680,1 млн. доллар зиёд гардидааст.
Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард 10,3% ва барои истеъмол 7,4%, маҳсулоти нафтӣ 12,1%, воситаҳои нақлиёти заминӣ 9,4%, таҷҳизоти технологӣ 7,8%, металлҳои сиёҳ 6,2%, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,3%, гази моеъ 3,9%, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот 3,3%, маҳсулоти полимерӣ 2,5%, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ (гилхок 1,3%) 2,1%, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2%, нуриҳо 1,2%, маҳсулоти фармасевтӣ 0,9% ва ғайраҳо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдо 29492,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 86,3%-ро савдои чакана ва таъмири воситаҳои нақлиёт ташкил намудааст.