Ҷалби наздик ба 2 млрд доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

© freepik / jcompФинансовые инвестиции
Финансовые инвестиции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2024
Обуна шудан
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ ба мамлакат дар соли 2024 иттилоъ медиҳад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. То моҳи июли соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон 1,95 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар ин давра 153,9 миллион долларро ташкил дода, ба 112,6 фоиз баробар шудааст.
Оқои Раҳимзода таъкид кард, ки дар ин давра барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ кор бурда шуда, 3 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 млрду 16 млн доллар барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расонида шуд.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Мулоқоти Тоҷикистону Русия сари масоили ҷалби сармоя
Қайд карда шудааст, барои ба имзо расонидани боз 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 345 млн доллар корбарӣ идома дорад.
Мақомдори тоҷик зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки бо мақсади заминагузорӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ соли равон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ бо Туркия ва Чин ба имзо расонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0